Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, ҷомеаи муосир бо як қатор таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ гардидааст, ки яке аз хатарноктарини онҳо ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Ифротгароӣ на танҳо амнияти давлату ҷомеаро зери хатар мегузорад, балки ба арзишҳои умумибашарӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа таъсири бад мерасонад.

Аз нигоҳи луғавӣ, калимаи «ифрот» решаи арабӣ дошта, маънои аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан ва берун шудан аз меъёри эътидолро ифода менамояд. Ифрот дар ҳама соҳаҳои ҳаёт метавонад зуҳур кунад: дар рафтор, андеша, хароҷот, ғизо ва ҳатто дар муносибатҳои иҷтимоӣ.

Истилоҳи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ маънои майл доштан ба зиёдаравӣ, гароиш ба оштинопазирӣ ва инкори эътидолро дорад. Дар илми сиёсӣ ба тарзи тафаккур ё фаъолияти гурӯҳӣ ишора мекунад, ки меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаро рад намуда, роҳи зӯроварӣ ва фишорро воситаи асосии расидан ба ҳадаф мешуморад.

Дар забонҳои аврупоӣ мафҳуми ифротгароӣ бо истилоҳи «экстремизм» ифода меёбад, ки он низ маънои аз ҳад гузаштан ва канора рафтан аз меъёрҳои маъмулро дорад.

Ҳарчанд ифротгароӣ кирдори мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ буда, метавонад дар шаклҳои гуногун зуҳур намояд, аммо аз терроризм ё даҳшатафканӣ фарқ дорад. Яъне қадаме ба сӯйи терроризм мебошад. Ифротгароён одатан ба арзишҳои худ ҳамчун ҳақиқати мутлақ менигаранд ва нисбат ба андешаҳои дигарон муносибати оштинопазир ва душманона доранд.

Пайдоиш ва паҳншавии ифротгароӣ ба омилҳои гуногун вобаста аст. Аз ҷумла:

мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;

сатҳи пасти зиндагӣ ва бесаводию бекорӣ;

норасоии таълиму тарбияи дуруст;

маърифати пасти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;

таъсири таблиғоти ғаразноки гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

бегонашавӣ ва ё дур гардидан аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ.

Дар чунин шароит ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, метавонанд ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтанд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз саводи пасти динӣ, эҳсосот ва ноогоҳии ҷавонон онҳоро ба роҳи хатарнок равона месозанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо ифротгароӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Қонунгузории кишвар ифротгароиро ҳамчун ҷиноят эътироф намуда, барои ташкил, таблиғ ва иштирок дар фаъолияти ифротгароӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст.

Дар баробари чораҳои ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ низ нақши муҳим доранд. Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, метавонад омили муассири пешгирии ифротгароӣ гардад.

Набояд фаромӯш сохт, ки ифротгароӣ яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир буда, мубориза бо он масъулияти муштараки давлат ва ҷомеа мебошад. Пешгирии ин падида танҳо бо роҳи истифодаи чораҳои ҷазоӣ имконпазир нест, балки тақвияти маърифат, худшиносӣ, фарҳанги сиёсӣ ва истифодаи мақсадноки иттилоот нақши ҳалкунанда доранд. Танҳо дар сурати тарбияи насли огоҳ, ватандӯст ва масъул метавон амнияти ҷомеа ва ояндаи устувори давлатро таъмин намуд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун муассисаи давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва маорифпарварона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргузории ҷаласаву ҷамъомадҳои судманд нақш ва саҳми худро дар пешгирии кирдорҳои ношоям ва номатлуби замон мегузорад.

Қурбон ҚУРБОНОВ,

сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ