Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддиест, ки ба амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо рушди иқтисодиро бозмедорад, балки ба эътимоди шаҳрвандон нисбат ба давлат ва қонун низ монеа эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, ташаккул ва татбиқи сиёсати муассири зиддикоррупсионӣ имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатҳо табдил ёфтааст.

Сиёсати зиддикоррупсионӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва маърифатиро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, маҳдудсозӣ ва барҳам додани коррупсия равона шудаанд. Дар ин раванд, давлат нақши асосӣ дошта, бо истифода аз имкониятҳои ҳуқуқӣ ва сохтории худ барои муборизаи мунтазам бо коррупсия шароити заруриро муҳайё месозад. Ҳамзамон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма низ бояд дар ин мубориза фаъолона ширкат варзанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия танҳо бо роҳи чораҳои ҷазоӣ самараи пурра намедиҳад. Муҳим аст, ки сабабу омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва бартараф карда шаванд. Аз ин рӯ, дар баробари ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ба ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шаффофияти идоракунии давлатӣ ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сиёсати зиддикоррупсионӣ аз солҳои аввали истиқлолият ҳамчун самти муҳими давлатдорӣ эътироф гардидааст. Қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, ҳамчунин, таъсиси мақомоти махсусгардонидашуда дар самти муқовимат бо коррупсия аз иродаи ҷиддии давлат дар ин самт шаҳодат медиҳанд. Хусусан, таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қадами муҳим дар самти мутамарказ намудани фаъолияти зиддикоррупсионӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани сиёсати зиддикоррупсионӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ, қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирии коррупсия ҳамчун як амали иҷтимоӣ таҳия намуда, барои давраҳои нисбатан дарозмуддат қабул ва тасдиқ намудааст. Аз ҷумла, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 оид ба муқовимат бо коррупсия яке аз ин санадҳои муҳимми байналмилалӣ ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 ба он ҳамроҳ гаштааст.

Дар ин росто, санадҳои зерин ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, таҳти №1714, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008, таҳти №34, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 ва охирон маротиба «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 қабул гардидаанд, ки ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштаанд.

Бо вуҷуди дастовардҳо, бояд эътироф кард, ки мушкилоти коррупсия ҳанӯз пурра бартараф нашудааст. Дар баъзе соҳаҳо ҳолатҳои ришвахӯрӣ ва суиистифода аз мансаб ба назар мерасанд, ки ин зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунанда ва маърифатиро боз ҳам бештар мекунад. Таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ низ гувоҳи онанд, ки мубориза бо коррупсия бояд кори дастҷамъонаи давлат ва ҷомеа бошад.

Дар шароити имрӯза бе иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва ташаккули мавқеи оштинопазир нисбат ба коррупсия ба натиҷаи дилхоҳ расидан ғайриимкон аст. Танҳо дар сурати муттаҳид гардидани саъю кӯшиши мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа метавон ба коҳиш ва решакан намудани ин амали номатлуб ноил гардид.

Хулоса, сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати оқилона ва дурбинона буда, татбиқи пайгиронаи он метавонад ба рушди устувори иқтисод, таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварад.

Фирӯз СОЛИЕВ,

корманди ДДМИТ