ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ҶАВОНОН
Раванди ҷаҳонишавӣ ва баҳамоии фарҳангҳо мушкилоту масъалаҳои нав ба навро ба вуҷуд оварда, инсонҳоро аз дидгоҳи технологияи замонавӣ ба ҳам наздик намудааст. Дар ин баробар, мушкилоти дигар камахлоқӣ ва содир гардидани амалҳои номатлуб чун доғи рӯз ҳанӯзам боқӣ мондааст.
Дар ҷомеа кам нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки рӯзе паём, садо ва навоеро тариқи шабакаҳои интернетиву иртиботӣ қабул нанамоянд. Шабакаи иҷтимоӣ яке аз шаклҳои муҳими сохтори иҷтимоии муосир ба ҳисоб меравад, ки аз маҷмуи афрод ё созмонҳо иборат буда, онҳо тавассути робитаҳои гуногун ба ҳам пайваст мебошанд. Дар чунин шабакаҳо ҳар як иштирокчӣ ҳамчун унсури алоҳида амал мекунад.
Шабакаи иҷтимоӣ имкони муоширати озод ва густардаи иҷтимоиро фароҳам меорад. Ин гуна шабакаҳо метавонанд шумораи зиёди афродро муттаҳид сохта, сармояи иҷтимоиро бар асоси эътимод, ҳамкорӣ ва дастгирии мутақобила тақвият бахшанд.
Дар шароити имрӯза шабакаҳои иҷтимоӣ ба як унсури ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтаанд. Пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ боис гардид, ки муошират, интиқоли маълумот ва ҳамкории иҷтимоӣ шакли нав касб намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Солҳои охир шумораи истифодабарандагони интернет ва алоқаи мобилӣ афзоиш ёфта, шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи асосии дастрасӣ ба иттилоот табдил ёфтаанд. Ин раванд барои ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам оварда, шароити омӯзиш, худтакмилдиҳӣ, соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои эҷодиро васеъ намудааст. Пайдоиши блогерҳо, эҷодкорони муҳтавои рақамӣ ва фаъолияти иқтисодӣ дар фазои онлайн намунаи равшани истифодаи мусбати шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ҷиҳатҳои мусбат надоранд. Истифодаи аз ҳад зиёд ва бемақсади интернет метавонад ба зоеъ шудани вақт, коҳиши муоширати зинда, вобастагии равонӣ ва коста шудани ахлоқи иҷтимоӣ оварда расонад. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва паҳншавии иттилооти бардурӯғ мебошад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои радикалӣ, хушунат, фарҳанги бегона ва рафторҳои зиддиахлоқӣ метавонанд ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ расонанд.
Илова бар ин, вобастагии интернетӣ ҳамчун як мушкили равонӣ эътироф шудааст. Шахсоне, ки вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои компютерӣ мегузаронанд, тадриҷан аз ҳаёти воқеӣ дур шуда, ба мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Кам шудани муоширати оилавӣ, афсурдагӣ ва коҳиши фаъолияти иҷтимоӣ аз паёмадҳои эҳтимолии чунин вобастагӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ, шабакаҳои иҷтимоӣ омили дуҷониба мебошанд. Аз як тараф, онҳо имкониятҳои васеи иттилоотӣ, омӯзишӣ ва иҷтимоиро фароҳам меоранд, аз ҷониби дигар, метавонанд манбаи хатарҳои равонӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ гарданд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, истифодаи мақсадноки интернет ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои коҳиш додани таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.
Мустафо ҒУЛОМОВ,
мутахассис оид ба замимаи дипломҳо
Тоҷ
Рус
Eng