Аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу зиндагии рӯзмарраи инсоният сиёсатмадорон, коршиносон ва олимони соҳаҳои мухталиф андешаҳои худро иброз намудаанд. Об дар табиат дар шаклҳои гуногун мавҷуд аст: уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ.

Аз ин ҷост, ки об муқаддастарин ва бебаҳотарин боигарии табиат аст. Дар ҳақиқат, сарсабзии табиат, боғу роғ, кӯҳу саҳроҳо аз об вобаста аст. Ба мо маълум аст, ки об дар организми зинда маводи асосист. Бе об ягон мавҷудот зиста наметавонад.

Боғу роғу хуррамӣ аз об шуд,

Зиндагӣ андар замин аз об шуд.

Об, инчунин, сарчашмаи шифои беморон аст. Аз ҷиҳати миқдори чашмаҳои шифобахш Тоҷикистон дар байни давлатҳо дар ҷойи аввал меистад. Об сарчашмаи ҳаёт аст. Олимон исбот намуданд, ки агар дар бадани одам 8 фоиз об кам гардад, беҳуш мешавад ва 10 фоиз норасоии об қалби ӯро аз ҳаракат боз медорад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Об одамро аз ифлосию нопокӣ нигоҳ медорад. Дар радифи ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва муҳити зист, зарурати ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад.

Ҳамин тавр, бо такя бар даъватҳо, пешниҳодҳо ва маҷмуи барномарезиҳое, ки дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ҷараён гирифтаанд, метавон ба ин натиҷа расид, ки иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби обӣ қабул гардидани қатъномаҳои СММ оид ба:

- соли 2003 эълон гардидани соли байналмилалии «Оби тоза»;

- солҳои 2005-2015 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт»;

- соли 2013 эълон гардидани соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;

- соли 2018-2028 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад.

Оре, тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст,

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Дар дасти оби файзбор аст.

Миҷгона МИРҲАЙДАРОВА,

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ