ЧОРАҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО САВДОИ ОДАМОН
Масъалаи савдои одамон дар солҳои охир вобаста ба тағйирёбии вазъ ва буҳрони сиёсиву иқтисодии ҷаҳону минтақа рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст.
Тибқи гузоришҳо ва тадқиқотҳои гуногун, дар доми чунин гурӯҳҳои ба савдои одамон машғул онҳое меафтанд, ки аз ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мушкилӣ мекашанд. Ба чунин шахсиятҳо: занон ва духтарон, кӯдакон, гурезаҳо, муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрвандӣ, шахсоне, ки дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, шахсоне, ки ба таҳсилот дастрасӣ надоранд ва онҳое, ки бе сарпаноҳ мондаанд, дохил мешаванд. Гурӯҳҳои номбаргардида аз сабаби осебпазирӣ ва надоштани имконияти худҳимоякунӣ аксаран мавриди ҳадафи савдогарони одамон қарор мегиранд.
Илова бар ин, онҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҷойҳои корӣ ҳастанд ва ё ваъдаи зиндагии беҳтар дар кишвари дигарро гирифтаанд, метавонанд мавриди савдои одамон қарор гиранд. Айни замон бо дарназардошти рушди технологияи информатсионӣ ба инобат гирифтани эҳтимоли амалӣ намудани савдои одамон тавассути шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, махсусан шабакаи Интернет зарур арзёбӣ мегардад. Зеро, фазои виртуалӣ ҳудуд надошта, воситаҳои гуногуни паҳнкунии иттилоот, инчунин, доираи васеи истифодабарандагони шабакаи Интернет ва имконияти савдои электронии одамон метавонад субъектони ҷинояти мазкурро ба худ ҷалб намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санади муҳим дар самти пешгирӣ ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон қабул ва амалӣ гашта истодааст. Аз ҷумлаи чунин санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз соли 2014 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” аз 26 феврали соли 2022, таҳти №55 мебошанд.
Мувофиқи қонуни дарболозикршуда сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ба принсипҳои ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида, роҳ надодан ба табъизи қурбониёни савдои одамон ва виктимизатсия, муносибати фардӣ, таъмини дастрасии озод ва ройгони қурбониёни савдои одамон ба адолати судӣ, махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ва наздикони онҳо ва ғайра асос ёфтааст.
Боиси зикр аст, ки ин қонун барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти қурбониёни савдои одамон мақоми ваколатдори давлатиро уҳдадор намудааст, ки аризаи шахсро дар хусуси қурбонии савдои одамон эътироф гардиданаш қабул намуда, давоми 24 соат ҷиҳати ба таври ройгон ба ӯ пешниҳод намудани маҷмуи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад.
Барои расонидани ёрии амалӣ ба заноне, ки аз зӯроварӣ ва савдои одамон ҷабр дидаанд, як қатор мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Маркази ёрии духтарон (зӯроварии шаҳвонӣ, муносибати бераҳмона, савдои одам), нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ, марказҳои маълумотӣ-машваратии назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ дар назди мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 33 маркази буҳронӣ фаъолият менамоянд.
Ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад.
Миҷгона ШАРИПОВА,
ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ
Тоҷ
Рус
Eng