Суръати рушди воқеияти иқтисодиёти рақамӣ ва омодагии низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ба навгониҳои замони муосир бояд мутобиқат дошта бошад.

Ҳолати имрӯзаи муносибатҳои иқтисодӣ ҳадафҳо ва вазифаҳои навро дар назди ҷомеаи касбии муҳосибон оид ба дигаркунии низоми муносибатҳои байни иштирокчиёни равандҳои иқтисодӣ ба миён меоварад. Дар паёмади гузориши чунин ҳадафҳо ва вазифаҳо таҳия ва роҳандозӣ намудани ислоҳот дар низоми миллии баҳисобгирии муҳосибӣ, ки бо ёрии он гузариш ба низоми стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) амалӣ мешавад, аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Аз ин ҷост, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардид, дар қатори дигар масъалаҳо, масъалаи гузариши субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидор ба талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва фарогирии аудити ҳатмии солона гирифтани онҳо таъкид гардид, ки ин заминаи хеле муҳими дарки ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии ҷараёнгирии ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ мебошад. «Масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва мо дар ин самт аз талаботи замона қафо монда истодаем. Бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти назоратӣ супориш дода мешавад, ки барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд».

Бинобар ин, вусъат додани раванди ислоҳоти ҳисобдорӣ, азхудкунии мазмун ва мундариҷаи технологияҳои амалкунандаи баҳисобгирии муҳосибии замони муосир, ҷорӣ кардани онҳо бо назардошти хусусиятҳои хос дар доираи истеҳсолот ва хизматрасонӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимон ва коршиносони соҳа маҳсуб меёбад.

Дар шароити имрӯза дар бозори меҳнат талабот ба мутахассисони соҳаи ҳисобдорӣ, ки донандаи стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ бошанд, инчунин, аз техникаи замони муосир ба монанди барномаҳои компютерӣ ҳисобдорӣ истифода карда тавонанд, меафзояд.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шуд. Шартҳои нави хоҷагидорӣ назари навро ба низоми муносибатҳои иқтисодӣ талаб менамояд.

То ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки барои гузариш ба СБҲМ заминаи меъёрӣ гузоштанд. 4 ноябри соли 2002 таҳти рақами 428 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ” қабул гардид, ки барои гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибии субъектҳои хоҷагидорӣ аввалин маротиба дар соли 2004 қабул карда шуд.

Баъдан 3-юми октябри соли 2006 Қарори таҳти №465 “Оиди чораҳои иловагии татбиқкунии стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, таҳти №134 дар хусуси тасдиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тасдиқ карда шуд. Дафъаи дигар 3-юми майи соли 2010 Қарори таҳти №231 “Оиди чораҳои иловагии татбиқкунии СБҲМ дар ҶТ” ро қабул намуд.

27-уми майи соли 2011 таҳти №41 Нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибии фаъолияти молиявӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ баъди тасдиқи СБҲМ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тасдиқ карда шуд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” 25 марти соли 2011 таҳти №702 дар таҳрири нав барои рушди низоми миллии баҳисобгирӣ такони ҷиддӣ бахшид, зеро мафҳум ва талаботҳои нав дохил карда шуданд.

Мақсад аз гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба корхонаҳои ватанӣ имкон медиҳад, ки ба бозори ҷаҳонии сармоя ворид шудан мебошад. Аз ин хотир, дар назди муҳосибон, аудиторон мавқеи асосӣ дорад.

Номгӯи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва тафсирҳои интишорнамудаи Фонди стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бо забони давлатӣ тарҷума карда шуда, бо фармоиши Вазири молияи ҶТ аз 14-уми октябри соли 2024, №181 тасдиқ карда шудааст.

Яке аз шартҳои муҳими татбиқи сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити саноатикунонии мамлакат ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ баробари ҷалби имкониятҳои молиявӣ, таъсисдиҳӣ ва пешниҳод намудани иттилооти шаффоф, пурра ва дақиқи ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои молиявии корхонаҳо ба шумор рафта, зарурати рушди минбаъдаи низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудиториро аз мавқеи илмию методологӣ ба миён овардааст. Ҳамин тавр, сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор барои таъмини пешрафти муносибатҳои ҳисобдорию молиявӣ баромад мекунад.

Мақсади гузариши субъектҳои хоҷагидории ватанӣ ба СБҲМ, ин баланд бардоштани сифати иттилооти молиявӣ мебошад, ки ба ташаккули афзалиятҳои рақобатии корхона дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ оварда мерасонад. Бояд қайд намуд, ки барои гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

- стандартҳои байналмилалӣ асоси иттилооти молиявии босифат ба ҳисоб мераванд, ки инро таҷрибаи ҷаҳонии таҳияи ҳисоботи молиявӣ нишон медиҳад;

истифодабарии СБҲМ вақт ва захираҳоро сарфа мекунанд, ки барои таҳияи стандартҳои миллӣ зарур аст, ҳамчунин, барои ташаккули низоми самараноки баҳисобгирӣ ва ҳисобот мусоидат мекунад;

СБҲМ барои рушди тахассуси муҳосибон замина гузошта, ваколату уҳдадориҳоро васеъ ва донишу малакаи муҳосибонро зиёд мегардонад;

СБҲМ аз тарафи суъектҳои хоҷагидорӣ ҳамчун тарзи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ватанӣ истифода бурда мешавад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардида, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки яке аз тадбирҳои муҳим ва стратегӣ барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин иқдом на танҳо барои тақвият бахшидани инфрасохтор ва соҳаҳои иқтисодӣ, балки барои тағйирот дар тарзи кор ва истеҳсолот низ равона шудааст.

Бинобар ин, вусъат додани раванди ислоҳоти ҳисобдорӣ, азхудкунии мазмун ва мундариҷаи технологияҳои амалкунандаи баҳисобгирии муҳосибии замони муосир, ҷорӣ кардани онҳо бо назардошти хусусиятҳои хоси минтақавӣ дар доираи истеҳсолот ва хизматрасонӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимон ва коршиносони соҳа маҳсуб меёбад.

Ҳар яки мо, кормандони соҳаи илму маориф ва донишҷӯёну муҳаққиқон, коршиносони касбӣ вазифадорем, ки бар ивази ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва ба хотири қадршиносии талошу заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти корҳои илмию таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ дар самти омодасозии мутахассисони касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати коргузории ислоҳоти соҳаи ҳисобдорӣ кӯшиш намуда, Тоҷикистони азизамонро ба кишвари пешрафта табдил диҳем. Дар ин самт, ҷиҳати аз ҳама муҳим ба эътибор гирифтани имкониятҳои ҷойдошта ва сафарбар намудани онҳо дар ҳамоҳангии рушди ҳисобдорӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили расидан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия саноатикунонии мамлакат мебошад.

Вобаста ба ин, бо мақсади тақвияти рушди минбаъдаи низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва фаъолияти аудиторӣ, кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро самаранок ба роҳ монда истодааст.

Хулоса, ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ бо истифода аз иқтидори илмии олимони донишгоҳ саҳми арзандаи хешро барои таҳқиқотҳои масоили мубрами механизми татбиқи сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, иқтисоди рақамӣ ва саноатикунонии мамлакат мегузорем.

Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,

доктор фалсафа (PhD), муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ