Забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат ва давлат ба ҳисоб меравад. Миллате, ки забони худро эҳтиром ва ҳифз мекунад, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро низ пос медорад. Дар ҷомеаи муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсон таъсири рӯзафзун мерасонанд, нақши забони давлатӣ боз ҳам муҳимтар мегардад.

Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ яке аз арзишҳои муҳимми миллӣ буда, дар таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандон нақши муассир дорад. Забони тоҷикӣ дорои таърихи бой, суннатҳои қадима ва мероси гаронбаҳои адабӣ мебошад. Осори бузургони адабиёти тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар суханварони барҷаста, шаҳодат аз ғановат ва имкониятҳои фаровони ин забон медиҳанд.

Имрӯз забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки воситаи муҳими идоракунии давлатӣ, маориф, илм, фарҳанг ва муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Истифодаи дурусту босаводонаи забони давлатӣ дар муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо, воситаҳои ахбори омма ва фазои маҷозӣ барои баланд бардоштани мақоми он аҳамияти калон дорад.

Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар самти рушди забони давлатӣ, масъалаи риояи меъёрҳои забони адабӣ дар ҷомеаи муосир ҳанӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад. Дар баъзе мавридҳо дар гуфтор ва навиштор калимаҳои бегона бе зарурат истифода шуда, меъёрҳои имлоӣ, грамматикӣ ва талаффузӣ риоя намегарданд. Чунин ҳолат моро водор месозад, ки нисбат ба забони давлатӣ муносибати масъулона дошта, барои покизагӣ, дурустӣ ва рушди он пайваста талош намоем.

Ҳифзи забони давлатӣ танҳо вазифаи омӯзгорон, забоншиносон ё муассисаҳои дахлдор нест. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар дуруст истифода бурдан ва рушди забони тоҷикӣ саҳм гузорад. Хусусан ҷавонон, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мебошанд, метавонанд бо истифодаи дурусту босаводонаи забони тоҷикӣ ва эҷоди муҳтавои босифат дар фазои маҷозӣ барои густариш ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки забонҳои хориҷиро омӯзем ва аз имкониятҳои фароҳамовардаи онҳо барои рушди дониш, касб ва муносибатҳои байналмилалӣ истифода барем. Аммо ин раванд набояд ба арзиш ва ҷойгоҳи забони модарӣ таъсири манфӣ расонад. Баръакс, шахсе, ки забони тоҷикиро хуб медонад ва ҳамзамон ба забонҳои хориҷӣ низ ошноӣ дорад, метавонад фарҳанг, таърих, дастовардҳои илмӣ ва арзишҳои миллии худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ беҳтар муаррифӣ намояд.

Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд дар баробари ҳифз, густариш ва рушди забони тоҷикӣ сурат гирад. Донистани забонҳои гуногун бояд на воситаи коста шудани мавқеи забони модарӣ, балки имкони бештар барои муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ бошад. Ҳар қадаре ки мо забони худро хубтар донем, ҳамон қадар имкони муаррифии дурусти фарҳанг ва ҳувияти миллиамон дар арсаи ҷаҳонӣ бештар мегардад.

Забони давлатӣ дар таҳкими ягонагии ҷомеа, ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангиву маънавии кишвар нақши муҳим дорад. Арҷ гузоштан ба забони миллӣ маънои эҳтиром ба таърих, фарҳанг, арзишҳо ва мероси маънавии ниёгонро дорад. Забон пайванди ногусастании гузашта бо имрӯз ва оянда буда, тавассути он дониш, таҷриба, фарҳанг ва ҷаҳонбинии наслҳо ба ҳам мепайванданд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд барои дуруст омӯхтан, босаводона истифода бурдан ва рушди забони давлатӣ масъулият эҳсос намояд. Вазифаи ҳар яки мост, ки ба забони тоҷикӣ ҳамчун муқаддастарин арзиши миллӣ эҳтиром гузорем, меъёрҳои онро риоя намоем ва барои ғанӣ гардонидани он саҳм гузорем.

Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ бояд ҳифз гардида, ба наслҳои оянда солим, покиза ва ғанӣ расонида шавад. Зеро пос доштани забон танҳо ҳифзи як воситаи муошират нест, балки ҳифзи таърих, фарҳанг, ҳувият ва ҳастии миллат мебошад.

 

Моҳрӯ ОРМОНОВА,

омӯзгори кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ