АБУАЛӢ ИБНИ СИНО - ДОНИШМАНДИ БЕҲАМТОИ ТОҶИК
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду маънавиёти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштааст. Воқеан, нақши муассире, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳониён абадан азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст.
Имрӯз дар ҷаҳон сару садоҳои нав бархостааст, то ки мансубияти шахсияти бузурги Ховарзамин, фарзанди модари тоҷик Абуалӣ ибни Синоро зери шубҳа гузоранд. Махсусан, даъвоҳои ғалату ғаразноки пантуркистони нав ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Ин тоифа, ки аз таърих ва ҳақиқати он фарсахҳо дуранд, мехоҳанд тамоми дастовардҳои мардуми ориёӣ, аз он ҷумла тоҷиконро ба мардуми туркнажод нисбат диҳанд.
Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони таърих, табиб, файласуф ва мутафаккири барҷастаи тоҷик аст. Вай дар даврони ҳукмронии Сомониён ва оғози салтанати Салҷуқиён умр ба сар бурда, саҳми боризи худро дар рушди илму тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштааст. Дар тули асрҳо Абуалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи донишмандӣ ва илм шинохта шуда, дар таърихи башарият ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст. Абуалӣ ибни Сино дар замони худ ҳамчун «Шайхурраис» маъруф буд ва бо дониши амиқу фарогири худ дар соҳаи илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, математика, астрономия ва дигар илмҳои замони хеш ном бароварда буд. Аммо дар замони муосир баъзе гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки шахсияти ӯро ба миллатҳои дигар рабт диҳанд. Дар ҳоле ки далелҳои таърихӣ ва осори боқимондаи ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ӯ як тоҷики асил буд ва номи ӯ дар мероси таърихии тоҷикон ҷовидонӣ боқӣ мемонад.
Лозим ба ёдоварист, ки Абуалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшана, воқеъ дар наздикии шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Он замон Бухоро ҳамчун маркази бузурги илму маърифати ҷаҳони ислом ва адабиёту фарҳанги тоҷикон шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, пойтахти давлати Сомониён буд. Давлати Сомониён нахустин давлати форсизабон буд, ки фарҳанги тоҷиконро эҳё ва тақвият дода, барои рушди адабиёт, илм, тадқиқот ва навоварӣ муҳити муносиб ва самаранок фароҳам оварда буд. Дар Бухоро донишмандони зиёде, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Балъамӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигар донишмандон умр ба сар бурда, илму фарҳанги тоҷикиро ба авҷи аъло расониданд. Осору фаъолияти олими шинохта Абуалӣ ибни Сино барои мардуми ин минтақа ва барои миллати тоҷик дар тули асрҳо муҳим аст. Падари Сино Абдуллоҳ аз аҳли Балх буд ва мансаби давлатӣ дошт. Ӯ писари худро аз хурдӣ ба таҳсил фаро гирифта буд. Абуалӣ ибни Сино бо зеҳни фавқулодааш дар синни 10-солагӣ тамоми Қуръонро аз ёд карда, дар баробари забони тоҷикӣ (форсӣ) забони арабиро низ ба хубӣ омӯхта буд. Дар синни 16-солагӣ Ибни Сино аллакай, тамоми илмҳои замонашро омӯхта, дар синни 18-солагӣ ӯ ҳамчун табиби шинохтаи замони хеш шӯҳрат пайдо кард. Ба шарофати дониши амиқаш, ӯ тавонист амири Сомонӣ - Нӯҳ ибни Мансурро табобат кунад. Дар натиҷа, ба Ибни Сино иҷозат дода шуд, ки ба китобхонаи бузурги Сомониён, ки дар он замон дорои ганҷинаи илмҳои ҷаҳонӣ буд, дастрасӣ пайдо кунад. Мутаассифона, баъди суқути давлати Сомониён ва ҳуҷуми қабилаҳои турк, ин китобхона аз байн рафт. Дар солҳои баъдӣ, Сино маҷбур шуд, ки дар шаҳрҳои гуногун, аз ҷумла Гурганҷ (Хоразм), Исфаҳон, Ҳамадон ва дигар ҷойҳо ҳиҷрат кунад. Бо вуҷуди нооромиҳои сиёсӣ ва ҳуҷуми қабилаҳои кӯчманчӣ, ӯ тадқиқотҳои илмии худро идома дода, осори зиёде эҷод намуд ва даҳҳо шогирд низ тарбият кард.
Абуалӣ ибни Сино на танҳо ба илм ва фалсафа, балки ба фарҳанг низ саҳми бузург гузоштааст. Сино як фарди на танҳо маърифатӣ, балки иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шахсияти далеру ҷасур ҳам буд, ки барои рушди илму таҳқиқот ва таҳсилоту рушди иҷтимоии мардум нақши муҳимро иҷро мекард. Ӯ бо хурофот, нодонӣ ва ақидаҳои ботил мубориза мебурд ва бар ивази қудрату манфиат роҳи ҳақиқат ва илму омӯзишро интихоб мекард. Дар замони ӯ бисёре аз мардум бемориҳоро бо сеҳру ҷоду рабт медоданд, аммо Ибни Сино нишон дод, ки сабабҳои бемориҳо омилҳои табиӣ доранд. Дар айёми шадидтарин нооромиҳои сиёсӣ ва ҳуҷумҳои қабилаҳои турк, ӯ кӯшиш мекард, ки донишро муҳофизат кунад ва ба мардум мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузорад. Китобҳои ӯ барои асрҳо ҳамчун сарчашмаи асосии соҳаи тиб хидмат карда, ҳатто то асри XVIII дар Аврупо истифода бурда мешуданд.
Мероси илмии Ибни Сино зиёда аз 450 асарро дар бар мегирад, ки аз онҳо тақрибан 240-тояш то замони мо боқӣ мондаанд. Асарҳои ӯ қариб ҳамаи илмҳои замони худро фаро мегиранд ва муҳимтаринашон инҳо ба ҳисоб мераванд:
1. «Ал-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) - бузургтарин асари тиббии ӯ буда, аз 5 ҷилд иборат аст. Дар он усулҳои табобат, анатомия, фармакология ва физиология шарҳ дода шудаанд. Ин китоб қариб 600 сол дар Аврупову Шарқ ҳамчун китоби асосии тиббӣ ва роҳнамои тибби ҷаҳонӣ истифода мешуд.
2. «Китоб-уш-шифо» (Китоби шифо) яке аз бузургтарин энсиклопедияҳои илмӣ, ки ба масъалаҳои фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва математикаи он давр бахшида шудааст.
3. «Донишнома» асари пурқимате ба забони тоҷикӣ, ки масъалаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маърифатиро фарогир аст.
4. «Ишорот ва-т-танбиҳот» китоби муҳиме дар бораи мантиқ ва фалсафа мебошад.
Аксари ин асарҳо бо забони тоҷикӣ (форсӣ) навишта шудаанд, ки далели равшани тоҷик будани Ибни Синоро шаҳодат дода, баъзе аз манбаъҳои ин китобҳо имрӯз ҳам дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмию таълимии ҷаҳони имрӯз омӯзонида мешаванд.
Иддаои турк ё аз миллати дигар будани Синоро бо далелҳои зерин метавон беасос ва нодуруст хонд, зеро:
1. Дар замони Абуалӣ ибни Сино Бухоро ва Самарқанд марказҳои фарҳангию сиёсӣ ва пойтахти давлати тоҷиктабори Сомониён буданд.
2. Дар ин шаҳрҳо мардуми тоҷик бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд ва тамоми осори илмӣ, адабӣ ва фарҳангии он замон бо забони тоҷикӣ навишта мешуданд.
3. Ҳамаи асарҳои Сино бо забони тоҷикӣ ва арабӣ навишта шудаанд, на бо забонҳои дигар.
4. Ибни Сино дар муҳити тоҷикона таваллуд ва тарбия ёфта, тамоми умр худро намояндаи фарҳанги тоҷику форс мешуморид ва дар ҳама ҷой ӯро ҳамчун донишманди тоҷику форс мешинохтанд.
Қутбиддин МУҚИМЗОДА, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия
Тоҷ
Рус
Eng