Проблемаи ахлоқ дар тамоми давру замон проблемаи актуалӣ буд ва мемонад, зеро он яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, аз дараҷа ва характери муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, ба ин проблема чи дар доираи фалсафаву чи ғайрифалсафа, мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихӣ рӯ оварда, назари худро баён кардаанд. Агар ба таърихи афкори ахлоқии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқу Ғарб назар кунем, он гоҳ дидан мумкин аст, ки ин проблема то чӣ андоза муҳиммияти хос дорад. Шояд ба проблемаи ахлоқ бештар рӯ овардани ин мутафаккирон аз он бошад, ки онро ҳамчун омили муҳими тасвияти аҳли ҷомеа, яъне аз байн бурдани нобаробариҳои иҷтимоӣ медиданд. Зеро дар ин давра ва баъд аз он ахлоқ характери синфӣ дошт.

Ахлоқ ва проблемаҳои ахлоқӣ ҳамчун як элементи шакли шуури ҷамъиятӣ ба тамоми системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири бевосита ва бавоситаи худро мерасонад. Аз ин рӯ, ба он мутафаккирони гуногун рӯ оварда, дар зери ин мафҳум рафтору гуфтори нек, хубию бадӣ, озодиву масъулиятшиносӣ ва ғайраро медиданд. Гуфтаҳои онҳо то ба имрӯз қимат ва моҳияти худро гум накардаанд, балки дар замони мо дар тарбияи насли наврас ҷойи худро доранд. Масалан, шоир гуфтааст:

                                          Эй писар аз бадӣ гурезон бош,

                                          Бад макун, агар кунӣ, пушаймон бош.

Ин ва дигар гуфтаҳои шоирон ва бахусус файласуфон дар бораи ахлоқ ба он далолат мекунад, ки то чӣ андоза тарғиби ахлоқи ҳамида одамонро ба сӯи некӣ ва накукорӣ мебарад. Дар ин бора Муҳаммад Ғазолӣ мегӯяд: “Ёдгории мардум сухан аст: ба ҳар чӣ кунад, ӯро бад-он кирдор ёд кунанд. Агар нек бошад, ӯро ба некӣ ёд кунанд ва агар бад бошад, ба бадаш ёд кунанд, пас воҷиб аст бар мардум, ки тухми некӣ коранд ва аз айбу зиштиҳо дур буванд”. Ба таври дигар, дур шудан аз худписандӣ, мутакаббирӣ ва ҳама гуна зиштӣ боиси ахлоқи ҳамида мегардад, ки аз худ ёдгории нек мемонад.

Муҳаммад Ғазолӣ дар замони худ нақши падару модарро дар тарбияи фарзанд қайд карда истода, мегӯяд, ки падари кӯдак, вақте ки дар тифли хеш тамойизро мушоҳида мекунад, пас бояд ӯро ба хубӣ муроқибат кунад ва аз ҳама бештар ба ӯ пеша кард, аз корҳои бад парҳез мекунад ва ин аз камоли ақли ӯ мужда медиҳад, ки ба василаи он баъзе ашё дар назари ӯ зишт ва бархе хуб ҷилва мекунад ва аз бархе корҳо ҳаё мекунад ва ба бархе дигар рағбат менамояд. Ба таври дигар, ин дур шудан аз зиштиву бадкирдорӣ мебошад, ки ба сӯи ахлоқи ҳамида роҳ мекушояд. Ин ва дигар гуфторҳои Муҳаммад Ғазолӣ дар бораи насли наврас ва тарбияву ахлоқи он то ҳол қимати худро гум накардаанд.

Ба проблемаи ахлоқ, инчунин, дигар мутафаккирони ин давра аз қабили Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Ибни Рушд ва дигарон низ рӯй овардаанд. Гарчанде ки таълимоти ахлоқии онҳо характери идеалистӣ дошта бошад ҳам, вале аз ањамияти амалӣ холӣ нест. Масалан, барои Ибни Туфайл инсон як субъекти абстрактӣ бошад ҳам, вале дар он ду ҷиҳати зебоиро мебинад, яъне зебоии ботинӣ ва зоҳириро, ки хоси инсон мебошад. Ӯ зебоии ботиниро муқаддам дониста, онро дар шакли ахлоқи наку ифода мекунад, яъне инсон бояд бо рафтору кирдор ва гуфтори некуи худ зебо бошад. Ин гуфтаҳои Ибни Туфайл насли наврасро водор мекунад, ки ботинан зебо бошанд, зеро онҳо поягузори ояндаи ҷомеа ҳастанд. Ҳамин фикрро бо мисраъҳои Хусрави Деҳлавӣ тақвият додан мумкин аст:

Ҳар кӣ дар ӯ сирати неку бувад,

Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.

Дар ин раванд, таълимоти ахлоқии Ибни Рушдро низ қайд кардан зарур аст, зеро он на танҳо барои дарки моҳияти асоси ахлоқ будани ақлу хирад равона карда шудааст, балки дар худ қоидаю меъёрҳои муайяни муносибатҳои ахлоқиро дар бар мегирад. Ӯ қайд мекунад, ки инсон дар рафтору кирдори худ бояд ба ақлу хиради солим такя кунад, на ин ки ба тарсу ҳарос. Ба таври дигар, Ибни Рушд нақши ақлу хирадро дар фаъолияти ахлоқии инсон ба дараҷаи баланд бардошта, онро омили муайянкунанда меҳисобад, яъне ба ақидаи ў, ақлу хирад на танҳо асоси ахлоқ аст, балки он меъёри муайянкунандаи ахлоқ низ мебошад.

Барои некбахт шудан ва ахлоқи ҳақиқиву хислати нек пайдо кардан, ба нақши иродаву озодӣ аҳамияти калон бояд дод, мегӯяд Ибни Рушд. Зеро озодии инсон аз ақлу хиради ӯ вобаста аст ва аз ин рӯ, ҳар чӣ қадар инсон хирадманд бошад, ҳамон қадар имкониятҳои воқеии худро хубтар дарк мекунад.

Ибни Рушд ба таълиму тарбия ва касбу ҳунар диққати махсус дода, қайд мекунад, ки мақсади таълиму тарбия ин дар насли наврас парваридани сифатҳои беҳтарини инсонӣ, яъне меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, шуҷоатмандӣ ва ғайра мебошад. Ин андешаҳои Ибни Рушд бо афкори ахлоқии Афлотуну Арасту хело наздиканд, зеро онҳо дар замони худ ҳифзи кӯдакро аз одамони бадахлоқу бадсират таъкид карда истода, ба кӯдакон омӯзонидани касбу ҳунарро зарур медонистанд. Ба ақидаи онҳо, ҳар як шахс бояд чунин касберо интихоб намояд, ки ба табиати ӯ мувофиқ бошад.

Ин ва дигар гуфтањо асрҳо боз қимат ва моҳияти худро гум накардаанд, балки пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек нишонаи муҳими инсон ва инсоният мебошад ва хоҳад монд. Чӣ тавре ки шоир гуфтааст:

Мар мардумро хирад расонад бар моҳ,

Мар мардумро хирад диҳад қимату ҷоҳ.

М. Манғитов, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ