(ШАРҲИ ФАЛСАФӢ-ТАЪРИХИИ МАЗМУН ВА АҲАМИЯТИ СИЁСИИ ГУФТОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ)

Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад.

Аз ин мавқеи назар, гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати милль - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад.

Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд.

Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Гарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусалмон, аз дини ниёгон даст кашида, дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд.

Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусалмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Яъне, мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо.

Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ, «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас.

Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шуравӣ ба вуҷуд омад. Бо вуыуди он ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шуравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шуравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Аз ин дидгоҳ, истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо - хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шуравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст.

 

Раъно МИРМУҲАМАДЗОДА,

мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дотсент