Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо суръати бесобиқа идома дорад, иқтисоди рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти кишварҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ба қадам ба ин раванд ҳамроҳ шуда истодааст. Рақамисозии иқтисод на танҳо равандҳои идорӣ ва хизматрасониро сода мегардонад, балки имкониятҳои нав барои рушди устувор, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, густариши тиҷорат ва афзоиши рақобатпазирии миллӣ фароҳам меорад.

Тибқи таҳлилҳои муосир, иқтисоди рақамӣ ба рушди босуръати бозорҳои молиявӣ, содагардонии муомилот, коҳиши хароҷот, баланд бардоштани шаффофият ва афзоиши эътимод ба низоми молиявӣ мусоидат мекунад. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон низ инфрасохтори рақамӣ тадриҷан рушд карда, хизматрасониҳои мобилӣ, бонкдории электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва платформаҳои тиҷорати онлайн ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардум дохил шудаанд. Имрӯз ҷавонон метавонанд тавассути смартфон амалиётҳои бонкӣ анҷом диҳанд, харид кунанд, пардохтҳо гузаронанд ва, ҳатто, тиҷорати худро дар фазои виртуалӣ роҳандозӣ намоянд.

Бо вуҷуди ин пешравиҳо, роҳи рақамисозии иқтисод дар Тоҷикистон аз мушкилот низ холӣ нест. Яке аз монеаҳои асосӣ — сатҳи нокофии саводнокии рақамӣ дар миёни аҳолист. Ҳанӯз қисмати зиёди шаҳрвандон, бахусус дар деҳот ва миёни наслҳои калонсол, аз имкониятҳои технологияҳои муосир пурра истифода бурда наметавонанд. Ғайр аз ин, дар минтақаҳои дурдаст суръати пасти интернет, норасоии инфрасохтори зарурӣ ва гаронии таҷҳизот рушди равандҳои рақамиро маҳдуд месозад.

Масъалаи дигари ниҳоят муҳим — таъмини амнияти киберӣ мебошад. Бо афзоиши муомилот ва хизматрасониҳои онлайн хатари ҳамлаҳои киберӣ низ афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, такмили қонунгузории соҳаи амнияти иттилоотӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд.

Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамисозии иқтисод яке аз самтҳои стратегӣ барои боло бурдани некуаҳволии мардум, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди устувори миллӣ мебошад.

Маҳз бо такя ба ин сиёсати дурбин, донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар тайёр кардани мутахассисони ҷавони соҳаи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона иштирок доранд. Донишҷӯёни имрӯза бояд хуб дарк намоянд, ки ояндаи иқтисоди Тоҷикистон ба дониш, малака ва ташаббускории онҳо вобаста аст. Азхудкунии барномаҳои муосир, малакаҳои таҳлилӣ, кор бо платформаҳои рақамӣ ва идораи амалиёти электронӣ — ин ҳама шарти асосии муваффақият дар иқтисоди рақамии оянда мебошад.

Хулоса, иқтисоди рақамӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам имкониятҳои бузург ва ҳам масъулияти ҷиддӣ меорад. Агар мо тавониста бошем мушкилотро сари вақт бартараф созем, саводнокии рақамиро дар тамоми қишрҳои ҷомеа баланд бардорем ва инфрасохтори технологии мамлакатро рушд диҳем, иқтисоди миллӣ ба марҳалаи сифатан нави пешрафт ворид мегардад.

Рақамисозӣ имрӯз на интихоби ихтиёрӣ, балки зарурати ногузир ва шарти асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аст.

         Абдуғаффор Улфатшоҳев, донишҷўи курси 1-уми ихтисоси 1-25010728, факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ