Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, экстремизм ва терроризм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд рўйдоди ҷойдошта мавҷуди ин аср нест, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти он шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа - занону кӯдакон, аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, гаравгон гирифтани одамон ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист”.

Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёдӣ, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд. Дар ин баробар, баҳри бартарафкунии ифротгароию терроризм тамоми сохторҳои кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат дастуру супоришҳо гирифтаанд, то ки миёни мардум корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида, бахусус ҷавононро аз паёмадҳои нохуши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бохабар намуда, баҳри бартараф намудани ин рўйдоди зиёновар чораҳои зарурӣ андешанд. Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд ҳушёру чолоку донишманд бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи найрангҳои хоинон нашаванд.

Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳад ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд, зеро барои мо касе аз берун давлат бунёд намекунад ва мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷои ин ватан ва хишти ҷони хеш сохтаем, аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, барои наслҳои ояндаи миллат кишвари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.

Вале, новобаста ба ин, омилҳое ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуроти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали истиқлол ва соҳибихтиёрӣ то имрӯз ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Кишвари мо барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан экстремизму терроризм пайваста дар муқобилату мубориза қарор дорад. Бинобар ин, мо - ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худро аз ин зуҳуроти номатлуб ва нанговар дар канор гирем ва бо он дар набард бошем.

Мадина Пайзиева, донишҷўи курси 4-уми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкии факултети молия ва қарз