Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Инсон бузургтарин насли бошуурест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷуриҳо дар канор мегирад. Маҳз ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад. Шарафи инсон аст ба илм ва адаб, на ба мол ва насаб.

Кист инсони комил? Он касест соҳибмаърифат, донишманд, соҳибистеъдод, накукор ва ибратомӯзи имрӯзи рӯзгор. Ӯ касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънӣ, кирдору рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост. Ӯ касест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Зеро пурдону пуртаҷрибаву пурхирад аст ва аз як ҳарфи алфози кас дунёи хубу бадро тафовут дода метавонад.

Албатта, инсони комил ҳеҷ гоҳе ҳам пайи хислатҳои номатлуб раҳравон нест. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бадӣ меоранд, иштирок намекунад. Чун худ хислати хубу шоиста дорад, мекӯшад, то касеро роҳи рост омӯзад. Чуноне ки бузургворе фармудааст: “Бо бадон некӣ кун, то онҳоро аз роҳи бадӣ кардан боздорӣ”, ”Ҳар вақте ки корҳои нек туро хурсанд ва корҳои бад ғамгин мекунад, пас ту беҳтарин ва комилтарин инсон ба шумор меравӣ”.

Бояд қайд намуд, ки бетарбиятӣ, беадабӣ, бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷӯиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба касодию беиффатӣ ва беобрӯиву шармандагӣ оварда мерасонанд.

Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатҳоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад. Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар ӯро ба ин роҳ мебарад. Шояд худ надониста мемонад, ки хислатҳои номатлубро ихтиёр намудааст. Шояд аз дардҳои рӯзгор, аз қабили нодориву тангдастӣ, бепарасториву беаҳамиятии наздикон ё афсурдагӣ роҳгумзада шудааст. Бале, ин ҳама сабаб шуда метавонад.

Гову хар аз огаҳӣ одам нахоҳад гашт, лек

Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар мешавад.

Инсони дар ғафлат монда ҳар гуна хислатҳои номатлубро бар худ касб менамояд. Хислати номатлуб, албатта, яку-якбора дар вуҷуди инсони асил ҷо шуда наметавонад. Бахусус, имрӯзи ҷомеаи мо аз касони баду бефикру беиффат холӣ нест. Надониставу хуб нашинохта бо ҳар кас дӯстиву ошноӣ норавост. Барои пайдо кардани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз қабили дуздӣ, мардумфиребӣ, бадмастиву кӯчагардӣ кардан бадтарин хислати одамист.

Имрӯзҳо шоҳиди он мегардем, ки духтарон низ баъзан ба чунин амалҳои ноҷо рӯ меоранд. Ба наздикону пайвандон дар оила доғ оварда, амалҳои нодурусту кӯчагардӣ мекунанд, ки албатта, рафтори онҳо доғи ҷомеа мегардад ва на танҳо худро, балки авлоду наздиконашонро шармсор мегардонанд. Ҳол он ки занонро дар ҷомеа гаҳвораҷунбон ва силсилаҷунбони зиндагӣ мегӯянд. Духтарон, ки оянда силсилаҷунбони зиндагӣ мегарданд, бояд мулоҳизакор бошанд. Бадро аз нек, дӯстро аз душман ва гармию сардии ҳаётро ҳамаҷониба дар тарозуи ақл баркашанд.

Баъзе волидон барон сазовори амалҳои номатлуб гардидани фарзандонашон гунаҳгоранд. Зеро фарзандонро ба ихтиёри худ гузоштаанд. Аз паси он намекӯшанд, ки фарзандон ба чӣ кор даст задаанду бо киҳо шиштухез менамоянд. Бо кадом роҳҳо маблағ ба даст меоранду кадом пироҳанро ба бар мекунанд.

Ҳамин тариқ, бояд ҳар як инсони комил дар вазъияти имрӯза ҳушёру пурзаковат, бекинаю беғараз, солеҳу хайрхоҳи халқ бошад ва кӯшиш ба он диҳад, ки зулме ва бадие аз ӯ сар назанад, зеро ки мукофоташ бад хоҳад буд. Чуноне ки Худованд фармудааст: “Ҳар кас мувофиқи амали хеш мукофот хоҳад гирифт, зеро Худо аз ҳамаи кирдорҳо бохабар аст”.

Бояд мо нагузорем, ки чунин шахсиятҳо ҷомеаи моро халалдор созанд ва инсонҳои дигарро нороҳат ва бадбахт созанд. Чуноне ки Саъдии бузургвор фармудааст:

Бани одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Ҷалолиддин Воҳидов, донишҷӯйи курси 2-юми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ