(ТАБИБИ ҲАР ЯК ШАХС ПЕШ АЗ ҲАМА ХУДИ ЎСТ)

Ҳамасола санаи 1-уми декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам қайд карда мешавад. Мақсад ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ оид ба ВНМО буда, тамоми кишварҳои олам барои пешгирии он бо амалӣ намудани ҳама гуна чораҳои заруриву саривақтӣ талош меварзанд. Возеҳ аст, ки ҳаёти орому осоишта ва солиму бехатар барои ҳар як инсон муҳимтарин сарват ва арзиши зиндагӣ мебошад.

ВНМО - ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Вируси норасоии масунияти одамро асосан ба оилаи вирусҳои ҷинсӣ ва лентивирусҳо дохил мекунанд. Номи лентивирусҳо аз мазмуни вожаи лотинии lente - сустӣ асос ёфтааст, ки чунин номгузорӣ яке аз хусусиятҳои ин гурўҳи вирусҳоро инъикос мекунад. Аз ҷумла, суръати суст ва нобаробарии инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар микроорганизм мебошад. ВНМО - ин вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм, сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, ба афзоиши фаъол шуруъ мекунад ва ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус кор мекунанд, бинобар ин, дар шахсони сироятшуда тадриҷан оҳиста-оҳиста норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёд нисбати як силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.

Барои мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида мешавад. Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам яке аз муҳимтарин ва асоситарин барномаҳои муқовимат бо ин беморӣ мебошад. Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки сабаби асосии пайдоиши ин беморӣ ҳаёти нодурусти ҷинсӣ бурдан мебошад. Ин бемориро ВНМБ меноманд, ки дар натиҷа, системаи масунии одам осеб мебинад. Чунин қишри одамон осебпазир буда, аксарияти онҳо ба дастгирии ҷомеа, оила, дўстон ва ҳамкорон ниёз доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин вабои мудҳишу хатарноки аср дар канор набуда, чун дигар кишварҳои дунё шумораи сироятёфтагон аз вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), махсусан миёни ҷавонон дар ҳоли афзоиш буда, ин ҳолат мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ ва шароитҳои муфидро барои ба табобат гирифтани шахсони ба чунин беморӣ мубталобударо муҳайё намудааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сиҳатии ҷомеа тадбирҳои муҳим андешида, барои муқовимат ва пешгирӣ намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният барномаҳои давлатӣ ва дигар асноди ҳуқуқиро дар марҳилаҳои муайян қабулу муайян менамоянд. Ҳатмӣ намудани ташхиси тиббӣ пеш аз никоҳ ба навхонадорон як қадами устуворест дар роҳи муайяну табобати вируси норасоии масунияти одам.

Имрӯз баробари оғози фасли зимистон, яъне 1-уми декабр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шаҳру навоҳии мамлакат кормандони ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалӣ барои аҳолӣ чорабиниҳои гуногун ва махсуси иттилоотию таълимӣ ташкил намуда истода, баҳри пешгирӣ намудан ва муқовимат бурдан алайҳи ин беморӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Инро бояд қайд кард, ки барои ошкор кардани сироят намудани вируси норасоии масунияти одам, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро пешбинӣ намудааст. Инчунин, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ягон шахс (ё корманди тиббӣ) аз шахсони ба ВНМО сироятшуда ҳуқуқи талаб кардани маълумоти зарурӣ оид ба бемориро бе розигии онҳо надорад.

Тибқи талаботи моддаи 4-уми қонуни мазкур низ давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳоро ба одамони аз ВМНО сироятёфта ва мубталои ин беморӣ, инчунин, аъзои оилаи онҳо кафолат медиҳад. Аз ин сабаб маълумот оид ба ин беморӣ махфӣ буда, танҳо ба хотири амнияти беморон аз табъиз дар байни ҷомеа, чунин тадбир андешида шудааст.

Табиби ҳар як шахс, пеш аз ҳама, худи ўст. Ҳамин тавр, ҳар як нафарро мебояд, ки нисбати вируси норасоии масунияти одам эҳтиёткор бошад, сари вақт барои муқовимат ва пешгирӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ муроҷиат намояд, зеро ин беморӣ оқибатҳои нохушу манфӣ дорад. Дар муқобили паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҳар як шахс бояд шахсан худ масъулиятшинос бошад, то ки барои наслҳои имрўзу оянда ҷомеаи солим ва беамну бехатар аз ҳар гуна бемориҳоро боқӣ гузорем.

Савриддин Ятимов, ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ