Дар асоси тадқиқоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар олам ҳар сол беш аз 6 млн кас аз «вабои тамоку» мефавтанд ва 600 ҳазор нафар аз заҳролудшавии дуди тамоку мемиранд. Агар барои маҳдуд ва пешгирӣ кардани истифодаи тамоку чораҳои зарурӣ андешида нашавад, ин рақам меафзояд.

Азбаски дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли тамоку пас аз Шуравӣ аз фаъолият бозмонда бошад ҳам, вале маҳсулоти хом, яъне барги тамоку дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариш меёбад ва бо ҳар роҳу восита бархе шаҳрвандон ба тайёр кардани нос машғуланд ва мутаассифона, то ҳанўз аз болои истеҳсолкунандагони он назорат нест. Дар манотиқи кўҳистони кишвар аз хокистари арча ва дар шаҳрҳо бошад, аз хокистари саргини мурғ ё оҳак нос омода мекунанд. Пажуҳишҳо собит кардаанд, ки моддаҳои кимиёвии мавҷуда дар таркиби нос 10 маротиба бештар аз меъёр мебошад.

Боиси зикр аст, ки сигор на танҳо боиси бад шудани саломатии сигоркаш мегардад, балки зарари он ба атрофиён низ мерасад. Дар баъзе мавридҳо, чунин ҳолат сабабгори марги нафароне мегардад, ки онҳо умуман тамокуро истеъмол намекунанд. Аз назари тиб, истеъмоли тамоку боиси тангшавии рагҳои хунгард мегардад ва дар натиҷа, одам ба сактаи дилу пўсидашавии бофтаҳои бадан мубтало мегардад. Сигоркашӣ ба вайроншавии рагҳои хунгарду чашм низ сабаб шуда, нури онро хира карда, оқибат ба нобиноӣ оварда мерасонад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар таркиби тамоку зиёда аз 1200 навъи моддаи заҳрноку кислотаҳо мавҷуд аст, ки боиси мубталошавии инсон ба бемории саратон мегардад.

Агар шахси сигоркаш ба навиштаҷоти рўйи қуттии сигор аҳамият диҳад, он ҷо ба ҷумлаҳое монанди «Тамоку ба саломатии инсон зарар дорад!” ва “Тамоку боиси марги инсон мегардад!» вомехўрад. Вале, мутаассифона, чунин ҷумлаҳо ҳам наметавонанд сабаби даст кашидани бархеҳо аз кашидани тамоку гарданд.

Дуди сигор беш аз 4 ҳазор заҳрхимикат дошта, инсонро гирифтори бемориҳои шуш, саратон, резиши мўй, пўсишу зардшавии дандонҳо, бемории рўда ва ғайра мегардонад.

Ҳоло дар ҷаҳон тахминан 1 миллиарду 300 миллион нафар аз тамоку ва нос истифода мебаранд ва дар Тоҷикистон низ теъдоди тамокукашон кам нестанд. Набояд фаромўш кард, ки истеъмоли тамоку на танҳо ба саломатии инсон зарарашро мерасонад, балки ба буҷаи оилаи сигоркаш зарари калон мерасонад. Дар кишвари мо сатҳи зиндагии бештари мардум қариб ки миёна аст, вале миллионҳо сомонӣ барои харидории сигор масраф мегардад. Айни замон як қуттии сигор аз 3 то 10-15 сомонӣ арзиш дорад. Нафароне ҳастанд, ки дар як рўз 1-2 қуттӣ сигор мехаранд. Пас, фикр кунед, ки дар як моҳ ба буҷаи оила чӣ қадар зарар меоранд?

Солҳои пеш сигоркашӣ дар байни ҷавонон кам мушоҳида мешуд ё шояд онҳо пинҳонӣ сигор мекашиданд. Мутаассифона, тайи солҳои охир сигоркашӣ дар байни ҷавонон, ҳатто, хонандагони макотиби таҳсилоти миёна, ки ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, зиёд ба назар мерасад. Ин, албатта, бозгў аз маърифати пасти ҷавонон ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Ҳарчанд маълумотҳо дар бораи зарари тамоку зиёд аст, аммо чаро як маротиба фикр намекунем, ки ин амали мо баҳри саломатии хеш ва дигарон зарарнок аст ва бояд ҳатман аз ин амал даст кашем? Ин даст кашидан, худ ва дигаронро наҷот бахшидан аст. Пас, биёед, аз ин амали номатлуб, ки зиён ба саломатию буҷаи оила аст, даст кашем!

 

Хайриниссо Тешаева,

ҳамшираи Бунгоҳи тиббии ДДМИТ