МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОБ ДАР ҶАЊОН
Дар шароити муосир ҷомеаи ҷањониро мушкилоти зиёде фаро гирифтааст, ки он сол то сол аҳамияти бештари глобалӣ пайдо мекунад. Ин мушкилот дар маркази диққати давлатҳои ҷаҳон қарор дошта, ҳоло ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст, ки ин мушкилоти норасоии об мебошад.
Хушксолии шадид ва гармии ғайримуқаррарӣ, ки дар фасли тобистон мушоҳида мегардад, боиси камшавии оби ошомиданӣ ва обёрӣ мешавад. Дар натиҷа, аз сабаби хуб нашъунамо наёфтани зироатҳои кишоварзӣ, ҳосилнокӣ хеле кам гардида, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ меафзояд.
Ин ҳама омилҳо ба амнияти озуқаворӣ дар минтақа низ таҳдид мекунанд. Гармшавии глобалӣ ва пурзӯр гардидани рақобат ба захираҳои об дар минтақа фишор меорад. Бинобар ин, солҳои охир дар мамлакати мо ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об эътибори алоҳида дода мешавад.
Мувофиқи иттилои сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид, «Соли 2030 700 миллион одамон аз норасоии оби ошомиданӣ гуреза мешаванд. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода бурда шавад».
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто, давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ Сахараро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин минтақа тақрибан 340 млн нафар ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд.
Дар баробари ин, имрӯз зиёда аз 663 миллион нафар одамон дар назди ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Барои он ки ба об дастрасӣ пайдо кунанд, онҳо маҷбуранд вақти зиёд сарф намуда, ба навбат истанд ва ё масофаи дуру дарозро пиёда тай намоянд.
Имрӯз зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ба давлатҳои минтақа дар ин ҷода изҳори ҳамкорӣ менамояд. «Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст. Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 ба беш аз 9 миллиард нафар мерасад, ки ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Илова бар ин, бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда, аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, шаҳргароӣ (беш аз андоза рӯ овардани аҳолӣ ба шаҳрҳо) ва дигар мушкилот ҳам зам мешаванд, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ расонда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунад.
Аз ин рӯ, даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Бояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор равишҳо ва механизмҳои амалисозии даҳсола якҷо бо дигар ҳадафҳо рушди устувор пайдо хоҳанд шуд. Зикри ин нукта ҳам ба маврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид. Ҳамаи ин буд, ки инак, Тоҷикистонро маркази дипломатияи об ва ташаккули ғояҳо ва ташаббусҳои оқилона барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об мешуморанд.
Умуман, норасоии об мушкилоти глобалист. Дар чунин шароит дар радифи бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, дар Узбекистон низ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об чорабиниҳои муҳим амалӣ мешаванд. Вазифаҳое, ки дар ҷамъомад муқаррар гардиданд, на танҳо сарфи обро кам мекунад, балки ба як унсури муҳими гузариш ба иқтисоди “сабз” табдил меёбад.
Д.М. Назарамонова, н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng