ҶИНОЯТИ МУДҲИШИ ЗАМОНИ МУОСИР
Тибқи супоришу ҳидоятҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми омӯзгорони мактабҳои олӣ вазифадоранд, ки ба масъалаи тарбияи донишҷӯён дар руҳияи баланди хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд.
Чуноне ки маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварро давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона эълом кардааст, яъне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо буда, мавқеи дин, масҷидҳо ё меъёрҳои динӣ эътироф карда мешавад. Дахолати дин дар идоракунии давлат, масъалаҳои қонунгузорӣ ва маъмурӣ эътибор надорад. Дин, ҳамчун ойини муқаддас, набояд ба сиёсат вобаста ва омехта бошад. Сиёсатмадорон ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ҳам бояд дин ва намояндагони руҳониятро барои ҳимоят аз манфиатҳои сиёсӣ истифода набаранд.
Аммо, аз тарафи дигар, таърих гувоҳ аст, ки баъзе аз созмонҳо, ҷунбишҳо ва, ҳатто, кишварҳо аҳкоми диниро барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода бурдаанд. Махсусан, ин раванд дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI ба авҷи худ расид. Рӯйдодҳои ваҳшиёнае, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористии динӣ дар Шарқи Наздик, Тунис, Яман, Нигерия рух доданд, дар баробари талафоти зиёди ҷонӣ дар байни шаҳрвандони ин кишварҳо, инчунин, боиси харобу валангор шудани чандин бинову осори муҳими таърихӣ гардиданд. Бисёре аз раҳбарони гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ чунин амалҳои хунину нанговарро хуш истиқбол намуда, ҷангиёни ҳалокшудаашонро «шаҳид» ва муборизи роҳи ислом меноманд ва бо ин амал дини мубини исломро дар назди ҷаҳониён бадном мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ сафи низомиёну ҷангиёни худро асосан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод зиёд мекунанд ва чунин ба назар мерасад, ки ин гуна ҷавонони фиребхӯрда дар тамоми кишварҳо кам нестанд, ки бе хабар аз мақсаду ғаразҳои нопоки террористон ҷони худро қурбон намуда истодаанд.
Чун ҳамеша, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷавононро дар маркази диққати сиёсати хирадмандонаи худ қарор додааст. Роҳбарияти давлат ба ҷавонон чун ба неруи созандаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, тадбирҳои муассир барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин, дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо амалӣ карда мешаванд.
Аммо ҷавононе ҳам ҳастанд, ки ба таблиғу ташвиқи тахрибкоронаи ифротгароён бовар карда, ҳаёти худро дар айни шукуфоияш хазон месозанд. Волидон бо ҳазорон орзуву умед фарзандонро ба воя расонида, боварӣ доранд, ки онҳо дар пирӣ такягоҳу роҳатрасонашон мегарданд. Бояд дар хотир дошт, ки чизеву касе дар ин дунё ҷойи дастурхони пурғановату пурнони тоҷикӣ, фазои хонаводагӣ, хандаву шӯхиҳои кӯдакони беозорро намегирад. Ҷавони ба ҷанг рафта бошад, дар як замон ин ҳамаро ба селоби хуну ҷони ширинаш иваз менамояду то дами мурдан падару модару ҳамсару фарзандонашро гирифтори ғаму андуҳу фиғон месозад. Бештари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ҳанӯз ҷомаи домодиро ба бар накардаанд. Ҳол он ки мебоист онҳо дар оянда фарзанд ба дунё оварда, он фарзандон кумакрасони падару модар, номбардори миллату меҳани худ гарданд. Аммо, афсӯс, ки ин гуна ҷавонон бо як кирдори нобакорона ин ҳама неъматро бо дасти худ зери по меафкананд. Ҳатто, ҷасади ӯро падар танҳо тавассути воситаи ахбори омма мебинаду халос. Ин гумроҳӣ аз чӣ рух медиҳад? Аз ношукрие, ки ба инсони носолим хос аст. Инсони солимақлу рўшанзамир кӯшиш мекунад, ки ба роҳаш рост рафта, барои худашу дунёи дигараш тўша омода созад.
Қобили зикр аст, ки дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуда истодааст ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми эшон қурбон намуда истодаанд. Гурӯҳҳои террористӣ аз ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ҳадафе, ки дар паяш ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳама чизи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид метавон ишораҳоеро аз китоби муқаддаси «Қуръон» ба даст овард. Ҳамин хусусиятро ба назар гирифта, «Қуръон»-ро қонуни ахлоқ унвон намудаанд. Аз ин ҷиҳат, амалҳои чунин гурӯҳҳо аз доираи одоби қуръонӣ берун буда, танҳо барои роҳандозии нақшаву барномаҳои теъдоди маҳдуди дастаҳои ҷинояткор нигаронида шудааст.
Бинобар ин, мо мардуми тоҷик дар хонаводаи худ ва берун аз он бояд ба ин масъалаи глобалии асри ХХI ҷиддӣ нигариста, фарзандону наберагон ва ҷавонписару ҷавондухтарони имрӯзаро огоҳ созем, ба онҳо мазмуну моҳияти ин масъаларо фаҳмонем, то ки онҳо дар ин роҳи мудҳиш нараванд. Тоҷикистони азизи мо биҳишти рӯи замин аст!
Агар фирдавс дар рўи замин аст,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст!
Шукри осоиштагӣ ва амонӣ, шукри Сарвари оқилу доноро бояд кард, ки барои мо ғамхориҳои беандозаро фароҳам овардаанд.
Мамадбекова Насаб Алибековна,
муаллими калони кафедраи фаъолияти
гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng