АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР КИШВАР
Коррупсия (фасод) яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Он боиси беобрӯ гаштани ниҳодҳои давлатӣ, коҳиш ёфтани боварии мардум ба онҳо, паст шудани сифати кори мақомот ва аз байн рафтани шаффофият мегардад, имкониятҳои баробарро маҳдуд мекунад ва ба эътимоди ҷомеа нисбат ба низом латма мезанад.
Маърифат яке аз сутунҳои асосии рушди давлату миллат аст. Агар муҳити ҷомеа пок ва аз коррупсия озод бошад, имкониятҳои сохтани кишвари обод, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои шоиста ва истифодаи дурусти захираҳои давлатӣ фароҳам мегардад. Дар сурати паҳн шудани коррупсия дар муассисаҳои давлатӣ, шахсони корафтода ва мансабдорон ба ҷойи иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва амалӣ кардани хостаҳои мардум ба воситаҷўӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои шахсӣ машғул мешаванд.
Муқовимат ба ин падидаи номатлуб бояд ҳамаҷониба ва ҳамгиро бошад. Таъмини шаффофият дар қабули қарорҳои идорӣ ва маъмурӣ, истифодаи технологияи рақамӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими назорат ва ҷазо додани шахсони вайронкунандаи қонун - ҳамаи ин тадбирҳо метавонанд ба коҳиши коррупсия мусоидат намоянд.
Қобили зикр аст, ки муборизаи самаранок алайҳи коррупсия ба рушди устувори иқтисод ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини баробарии имкониятҳо ва ташаккули насли донишманду ватандўст мусоидат хоҳад кард.
Муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як узви ҷомеа, ҳар як зиёӣ, хусусан омўзгорон, донишҷўён ва падару модар низ ҳаст. Давлату ҷомеаи солиму пешрафтаро танҳо дар муҳити озод аз фасод метавон бунёд кард.
Коррупсия, хусусан дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, танҳо ришватдиҳӣ ё гирифтани маблағ нест, балки вайронкунии одоби касбӣ, поймол кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва паст задани арзишҳои таълимӣ, як ҷинояти вазнин аст. Ин амалкардҳо метавонанд боиси аз байн рафтани адолат, пайдо шудани муносибатҳои носолим ва гум кардани эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ гарданд.
Ҳамчунин, пешрафти ҳақиқии соҳаи маориф танҳо дар муҳити пок, одилона ва шаффоф имконпазир аст. Муқовимат бо коррупссия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як иштирокчии низоми таълим - омўзгор, донишҷў, волидайн ва ҷомеа мебошад. Зеро танҳо тавассути бунёди муҳити солим ва пок метавонем насли донишманд, ватандўст ва масъулиятшиносро тарбия кунем, ки сутуни рушди ояндаи Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Яке аз омилҳои муассиртарине, ки сатҳи коррупсияро дар самти фаъолияти иқтисодӣ ва маъмурию давлатӣ коҳиш медиҳад, кори дурусти ҳокимити судӣ, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои ҷазо мебошад. Агар ба таҷрибаи муваффақи хориҷиён дар мубориза бар зидди фасод назар афканем, хоҳем дид, ки дар бисёре аз кишварҳо, бо вуҷуди он ки ҷазо барои ин навъи ҷинояткорӣ нисбат ба малакатҳои дигар сабуктар аст, аммо сатҳи коррупсия хеле паст мебошад. Ин бори дигар собит менамояд, ки агар принсипи ногузирии ҷавобгарӣ ва ҷазо пурра, бо тамоми қуввааш кор накунад, муҷозоти сангинтарин ҳам рӯи коғаз мемонад ва мушкили бартараф намудани коррупсияро ҳал наметавон кард.
Тамоми чораҳои мубориза бо коррупсия ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: чораҳои тарбиявӣ, пешгирикунанда ва муҷозотӣ. Кишварҳое, ки дар мубориза бо ин навъи ҷинояткорӣ муваффақ шудаанд, аз ҳамаи ин чораҳо ба таври самаранок истифода мебаранд. Ба инҳо кодексҳои рафтор, таъмини шаффофият дар самти харидории амвол ва идораи молиёти давлатӣ, ҳисоботдиҳии шаффофи мақомот, чораҳо нисбати мақомоту муассисаҳои масъул, иштироки ҷомеа, арзёбии хатари коррупсия, чораҳо барои пешгирии “пулшӯӣ”, аудити дохилӣ ва берунӣ, хабаррасонӣ дохил мешаванд.
Ба ин васила, тадбирҳои мубориза алайҳи ин зуҳуроти шуми ҷомеаи муосир, яъне коррупсия, бояд ҳамаҷониба ва фарогир бошанд. Зеро коррупсия як рўйдоди номатлуб ва ҷиноии иҷтимоиест, ки фаъолияти тамоми соҳаву ниҳодҳои ҷомеа ва давлатро фалаҷ мекунад, обрӯву эътибори мақомоту муассисаҳо ва дар ниҳояти кор, нуфузи давлатро ҳам коста мегардонад.
Фаридун Давлатов,
муаллими калони кафедраи фаъолияти
гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng