Воқеан, миллати тоҷик ҷашнҳои ба худ хос ва таърихие дорад, ки дар онҳо заҳмату талош, ҷоннисориҳо, саргузашти вазнини халқ ва дигар паҳлуҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи кишвар дарҷ гардидаанд. Дар ин радиф бояд зикр намоем, ки дар моҳи ноябр якчанд ҷашнҳоеро мо таҷлил менамоем, ки онҳо дар худ характери ватандориву ватансозӣ, сулҳу оромӣ, якдилӣ ва поягузори насли имрўзу оянда дида мешавад, ки аз қабили онҳо Рўзи Парчами давлатӣ мебошад.

Албатта, мо – тоҷикон, ҳамасола 24-уми ноябр ин ҷашни бузургро бо шодмонӣ таҷлил менамоем ва фахр аз он мекунем, ки ба туфайли чунин ҷашнҳои миллӣ имрўз ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари амнтарин эътироф гардидааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Парчам рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири он чандин фарзандони ин сарзамин ҷонсупориҳо кардаанд. Хушбахтона, бо шарофати истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардидаанд.

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами давлатӣ ин нишонаи истиқлол, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Яъне, ҳар давлати соҳибихтиёр бо доштани парчам муаррифӣ ва эътироф мегардад.

Бо шарофати қабули Парчами миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон сарҷамъии мардум, иттиҳод, якдиливу якдигарфаҳмӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон фароҳам гардид. Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аст, ки бо тобиши се ранг - ранги сурх - ифодакунандаи хуни шаҳидони роҳи озодӣ; ранги сафед - ифодакунандаи бахту иқболи сафед; ранги сабз - сарсабзӣ ва ободиҳои кишвар буда, халқи тоҷик аз қадим ҳамчун мардуми тоҷдор шинохта шудааст ва аз ин ҷост, ки дар Парчами давлатӣ тоҷи зарҳалин ва ҳафт ахтар ба ин маъно акс ёфтааст.

Аз он рўзе, ки миллати тоҷики соҳибмаърифати мо соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Равобити дўстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтаанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрўз парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳони ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои давлату миллат, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Бигузор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар сари миллати тоҷик то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сўи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ созад!

Ёсимин Назаралиева, донишҷўи курси 3-юми ихтисоси 1-24010300 - ҳуқуқи иқтисодии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ