Ҳамасола 27 сентябр Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ таҷлил карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Бо мақсади рушди соҳа ва тақвияти сиёсати давлатӣ дар ин самт дар Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Консепсияи рушди сайёҳӣ» ва «Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ» қабул гардиданд.

Намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ аз соли 2011 инҷониб дар чорабиниҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз иштирок намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулоти таблиғотию иттилоотӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ҳамасола ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар маҷмуи харитаҳои сайёҳӣ, маводи иттилоотӣ оид ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва буклетҳои сайёҳӣ бо забони англисӣ пешниҳод карда мешаванд.

Соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки он заминаи стратегии рушди минбаъдаи соҳаро муайян намуд. Дар стратегия ташаккули инфрасохтори муосир, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва фарҳангӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонии минтақа ба ҳисоб рафта, қисми зиёди қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин хусусияти ҷуғрофӣ барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, варзишӣ ва саргузаштӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Кӯҳҳои Помир, водиҳои зебоманзар, кӯлҳои кӯҳӣ, пиряхҳо, чашмаҳои минералӣ ва дигар объектҳои нодири табиӣ метавонанд ҳамчун заминаи рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ истифода шаванд.

Дар баробари захираҳои табиӣ, мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон низ дорои аҳамияти бузурги сайёҳӣ мебошад. Қисми муҳими иқтидори сайёҳии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо табиати зебои он зиёда аз 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 1278 адад ёдгориҳои бостонӣ, 300 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 442 адад ёдгориҳои таърихӣ мебошанд. Аз ҷумла, ёдгории бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Ҳамчунин, 13 ёдгории нодири таърихии дараҷаи ҷумҳуриявӣ, аз қабили Панҷакенти қадим, шаҳри Ҳисор, шаҳраки Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Ямчун ва дигар мавзеъҳо тавассути силсилаҷоизаҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид шудаанд.

Дар мамлакат зиёда аз 120 ёдгории марбут ба таъриху фарҳанги исломӣ мавҷуд буда, онҳо аз мақбараҳо, масҷидҳо ва мадрасаҳо иборатанд ва таърихи хеле қадима доранд. Ҳамчунин, дар кишвар объектҳои дорои аҳамияти динӣ-маросимӣ мавҷуданд, ки мавриди эҳтиром ва зиёрати сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор мегиранд.

Инчунин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд».

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 ба Тоҷикистон 2 миллиону 104,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 501,4 ҳазор нафар ё 31,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора зиёда аз 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ шудаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 27,4 фоиз зиёд мебошад.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир барои ҷалби меҳмонони хориҷӣ имкониятҳои бештар пайдо намуда истодааст. Соли 2025 шумораи зиёди меҳмонон аз кишварҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон омадаанд. Ҳамзамон, дар байни меҳмонони кишварҳои ғайри ИДМ шаҳрвандони Чин, ИМА, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Ҷопон ва дигар давлатҳо низ буданд.

Ҳатто дар семоҳаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 439,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 19,2 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора 371,3 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ тасниф шудаанд.

Хулоса, рушди сайёҳӣ бо даромади ширкатҳои сайёҳӣ маҳдуд намешавад. Рушди ин соҳа ба фаъолияти меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт, савдо, истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт таъсири мустақим ва ғайримустақим мерасонад. Аз ин рӯ, рушди сайёҳӣ метавонад ҳамчун яке аз воситаҳои диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна баррасӣ гардад.

Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 низ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди инфрасохтор ва истифодаи имкониятҳои минтақаҳои дурдасти кишвар аҳамияти махсус медиҳад.

Дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 низ истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳии кишвар ҳамчун яке аз самтҳои рушди иқтисодӣ таъкид шудааст.

Барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Муаррифии табиат, таърих ва фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ мусоидат намояд.

Дар солҳои охир шаҳри Душанбе мизбони як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ гардидааст. Масалан, моҳи сентябри соли 2025 дар Душанбе Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои рушди соҳа ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ин раванд барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби шарикони хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.

 

В. ОРИФҶОНОВА,

муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ

Г. ИСЛОМОВА,

ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ