Ҳар як ватандор бояд аз Ватани ободу озоди соҳибистиқлол, Тоҷикистони биҳиштосо, аз Пешвои хирадманду ояндабин, аз муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои дигари фарҳангию таърихӣ шукргузор бошад. Хушбахтона, ин шукргузорию иттиҳоду сарҷамъӣ зери Парчами нангу номуси ватандорӣ буд, ки аз Паём то Паём дар Тоҷикистон навгониҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба вуқуъ пайваст.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 ба кулли мардуми меҳнатқарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, қайд карда шуд, ки соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.

Бешак, Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар самтҳои гуногуни барои давлат ҳаётан муҳим мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар Паёми Пешвои миллат, инчунин, дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Аз як тараф, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ аз даврони соҳибистиқлолии пурбаракот ва файзбори Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, раҳнамои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Воқеан, имрӯз бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарастиву ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ метавон хотирнишон сохт, ки кишвари маҳбуби мо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба як қатор дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои ҳаётани муҳим ноил гардид, ки ба шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Ба ақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.

Маҳз матиниродагиву ҳадафҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатдӯстиву хислати тамаддунофарии миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ки мо сарфи назар аз мушкилиҳои бавуҷудомада тавонистем аз вартаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ раҳо ёбем, низоми фалаҷшудаи идораи давлатиро барқарор созем ва ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти давлатдорӣ гузашта, ба ҳадафҳои фаврии дар наздамон истода бирасем, ҷойгоҳи худро дар низоми муносибатҳои байналхалқии муосир дарёфт намоем.

Дар Паёми навбатиашон Пешвои маҳбуби миллат бори дигар ёдовар шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

Тоҷикистони азиз дар зарфи солҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва тавассути заҳмату талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Аз ин лиҳоз, мо аз даъвату ҳидоят ва пешниҳодоти ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дастгирии комил менамоем.

Таҳлили Паёми навбатӣ ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

 

Ёрибек ТИЛАБОВ,

декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ