Тоҷикистон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона дар тасмимгириҳою ташаббусҳо ҳатман таҷрибаи байналмилалӣ ва то куҷо мувофиқу мутобиқ будани он иқдомотро ба манфиатҳои миллӣ ба назар мегирад. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҷорӣ ва густариш додани пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкимбахши низоми молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ин раванд ба баланд бардоштани шаффофияти муомилоти молиявӣ, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ, коҳиши додани амалҳои коррупсионӣ ва кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.

Пардохтҳои ғайринақдӣ шакли муосири ҳисоббаробаркунӣ буда, бидуни истифодаи пули нақд тавассути кортҳои бонкӣ, чекҳо, воситаҳои электронии пардохт, ҳамёнҳои электронӣ, пулҳои электронӣ ва супоришномаҳои пардохтӣ анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, бахусус, ҳангоми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро самаранок мегардонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ борҳо ба масъалаи густариши ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Аз ҷумла, дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардида буд, ки рушди инфрасохтори муосири пардохтӣ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ бо мақсади коҳиш додани гардиши пули нақд ва таъмин намудани шаффофият зарур аст. Дар Паёми соли 2018 низ масъалаи тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамчун самти афзалиятнок муайян карда шуд.

Дар солҳои минбаъда низ Пешвои миллат дар паёмҳои худ ба зарурати пурра ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи технологияҳои молиявию рақамӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ дар муомилоти пулӣ таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 супориш дода шуд, ки аз 1 июли соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ пурра ба шакли ғайринақдӣ гузаронда шаванд.

Дар ҳамин замина, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 таҳти №586 чораҳои мушаххас оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ андешида шуданд. Мувофиқи ин фармон, аз 1 августи соли 2023 қабули пардохтҳои нақдӣ барои аксари хизматрасониҳои давлатӣ манъ гардида, пардохтҳо танҳо тавассути воситаҳои ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.

Ин иқдом ба таҳкими шаффофияти молиявӣ, афзоиши даромадҳои буҷетӣ, пешгирии коррупсия, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои байналмилалии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз солҳои қаблӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳо тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шуда, заминаи мусоиди рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ фароҳам оварда шуд. Инчунин, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳои пардохти электронӣ ва хизматрасонии фосилавии бонкӣ ҷорӣ гардиданд.

Бояд иброз намуд, ки солҳои қаблӣ дар натиҷаи амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 ва аз 4 январи соли 2014 пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иловагӣ ба кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, пардохти нафақапулиҳо, инчунин ҳисоббаробаркуниҳо барои хариди мол ва хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ тавассути кортҳои бонкӣ амалӣ мешуд, ки барои рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ замина гузоштанд.

Гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвари мо дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ташаккул ёфта истодааст. Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» аз 31-уми октябри соли 2014 ба ин раванд заминаи асосӣ гузошта, дар доираи он як қатор корҳо анҷом дода шудаанд.

Ба ин хизматрасониҳо пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ба ин раванд дохил мешаванд.

Инчунин, дар ин фармони Президенти мамлакат ба тариқи умумӣ намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ дарҷ гардидаанд, ки инҳо метавонанд қабули маблағ барои баъзе ҳуҷҷату бланкаҳо, барои додани баъзе иттилоот (маълумотномаҳо) ва ғайра бошанд.

Дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд.

Дар баробари ин, дар Паём қайд гардид, ки то имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки: “Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд.

Инчунин, таъкид месозам, ки пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад”.

Дарвоқеъ, ҳар иқдом ва ташаббусе, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешида мешавад, барои некуаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту осон намудани кору хизматрасонӣ равона гардидааст. Мо бовар дорем, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъкидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ мо - омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дасту дили пок кору фаъолияти худро самаранок ва босалоҳият пеш мебарем. Инчунин, дар амалигардонии дастурҳои Паёми навбатии Роҳбари давлат саҳм мегузорем.

 

Нигина ҚАРАХОНОВА,

муаллими кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ