Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

 Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм яке аз хатарноктарин зуҳуроти ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Он амале мебошад, ки бо роҳи зӯроварӣ, тарс ва таҳдид ба аҳолии осоишта равона карда мешавад. Ҳадафи асосии террроризм ноором сохтани ҷомеа, вайрон кардани сулҳу субот ва таъсир расонидан ба қарорҳои сиёсӣ мебошад. Сабабҳои пайдоиши террроризм гуногунанд. Баъзе аз онҳо нодонӣ, камсавод будани онҳо, мушкилоти иқтисодӣ, таъсири ғояҳои ифротӣ ва истифодаи нодурусти дин мебошад.

Гурӯҳҳои террористӣ аксар вақт ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ фиреб дода, онҳоро ба роҳҳои нодуруст мекашанд. Терроризм ба ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад. Он боиси аз байн рафтани ҷони одамони бегуноҳ, вайрон шудани оромӣ ва коҳиш ёфтани эътимод дар байни мардум мегардад. Илова бар ин, амалҳои террористӣ ҳуқуқи инсонро поймол карда, рушди давлатҳоро бозмедоранд.

Мубориза бар зидди терроризм вазифаи танҳо як давлат нест, балки масъулияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарбияи дурусти ҷавонон, эҳтиром ба қонун ва ҳамкори байни давлатҳо роҳҳои асосии пешгирии ин амали хатарнок мебошад.

Дар натиҷа, метавон гуфт, ки танҳо бо дониш, ваҳдат ва сулҳпарастӣ метавон терроризмро маҳкум ва пешгирӣ кард. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷомеа саҳмгузор бошад.

Ба фикри ман, роҳи самараноки мубориза бо терроризм на танҳо ҷазо, балки пешгирӣ мебошад. Пеш аз ҳама, бояд ба маориф ва тарбияи дурусти ҷавонон диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷавоне ки дониш дорад, тафаккури танқидӣ дорад ва моҳияти сулҳро мефаҳмад, ба ғояҳои ифротӣ бовар намекунад.

Пешниҳоди дигар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Агар мардум маънои аслии арзишҳои инсонӣ, сулҳ ва инсондӯстиро донанд, фиреб нахоҳанд хурд.

Ҳамчунин, бояд нақши оила ва мактаб қавӣ бошад. Муҳити солими оилавӣ, муаллимони огоҳ ва дастгирии равонӣ метавонанд ҷавононро аз роҳҳои хатарнок нигоҳ доранд.

Дар охир, ҳамкории давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон хеле муҳим аст. Танҳо бо ваҳдат, огоҳӣ ва эҳтиром ба қонун метавон терроризмро маҳкум ва пешгирӣ кард.

 

Ёрзода Қиёмиддин Тоҳир,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ