БУНЁДИ РӮШНОИИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ
Бунёди кохи нур – Неругоҳи барқи обии “Роғун” воқеаи бузурги таърихӣ ба шумор меравад. Соли 2025 барои бунёдгарони ин неругоҳ соли навгониҳои назаррас дар самти корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозии иншоот ва ҳамкориҳои муфиду судбахш бо мутахассисони дохиливу хориҷӣ ва сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёфт.
Бунёди ин кохи нур барои миллати тоҷик ба қавли Пешвои миллат, масъалаи ҳаёту мамот аст, зеро он на танҳо рӯшноӣ ва истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон, балки рӯшноии тафаккури пурбори миллати тоҷик ва эътирофи неруи созандаи он мебошад. Дарвоқеъ, сохтмони НБО-и “Роғун” маҳаки асосии ҳаракатдиҳандаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва идеяи муттаҳидкунандаи миллату халқиятҳои Тоҷикистони азизамон мебошад.
Ҳамзамон, дар эҳё намудани саҳифаҳои азёдрафтаи таърихи тоҷикон, оштии миллӣ, сулҳофарӣ, роҳкушоӣ ва аз вартаи буҳрони иқтисодӣ баровардани Тоҷикистон, расидан ба истиқлоли энергетикӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ хеле бузург мебошад.
НБО-и “Роғун” барои мамлакати мо аҳамияти бузург дорад. Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад. Дар шароити имрӯза дарёфти манбаъҳои арзони иловагии энергетикӣ басо муҳим мебошад. Манбаи анъанавии энергияи нафту газ бинобар маҳдуд будани захираҳо ва баландшавии онро ҳарчӣ бештар дастнорас мегардонад. Бинобар ин, гидроэнергетика метавонад интихоби воқеии идораи қудрати бузург ва дурнамои мусбати иқтисодӣ гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кӯҳсори Осиёи Марказӣ воқеъ аст, захираи бузурги об дорад. Бештар аз 60 фоизи ҳаҷми умумии маҷрои дарёҳои минтақа дар қаламрави мамлакати мо ташкил меёбад. Ҳамзамон, бояд қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди умумиаш чандон калон нест, қариб 4 фоизи захираҳои гидроэнергетикии ҷаҳонро дорост. Энергияи неругоҳҳои барқии Тоҷикистон, ки арзиши аслиаш арзон аст, ҳам барои сармоягузорон ва ҳам барои худи истеъмолкунандагон басо муфиду муҳим ба ҳисоб меравад.
Бояд ба истифодаи оқилонаи захираҳои об диққати махсус диҳем. Сохтани обанборҳо ва танзими маҷрои дарёҳо имкон медиҳад, ки проблемаи якҷоя идора кардани онҳо ҳал карда шавад.
Имрӯз, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромии сиёсӣ ҳукмфармост, обрӯи давлат дар арсаи ҷаҳон баланд гардида, таҳкурсии қонунии ҳифзи сармоягузориҳои хориҷӣ гузошта, ҳолати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ беҳтар гардида, мамлакатҳои воқеӣ ва корпоратсияҳои байналмилалие пайдо шудаанд, ки мехоҳанд соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти моро сармоягузорӣ намоянд.
Муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишвар дар масъалаи сохтмони азими бақои миллат - “Роғун” бори дигар санҷиши ваҳдати миллии Тоҷикистони азиз мебошад. НБО-и “Роғун” набзи созандагиву ватандорӣ ва рӯҳияи баланди бедории милливу давлатсозии моро таъмин мекунад. НБО-и “Роғун” воқеан, дорои се арзиш: пеш аз ҳама, арзиши иқтисодӣ, арзиши маънавӣ ва арзиши сиёсиро фаро мегирад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки дар таърихи 16-уми декабри соли 2025 шуда гузашт, қайд карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад. Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргар, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад.
Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.
Бояд қайд намоем, ки сохтмони НБО-и “Роғун” ҷумҳурии аграрии моро ба ҷумҳурии саноативу аграрӣ табдил медиҳад. Кишвари азизи мо ба марҳила нави тақдирсози худ ворид гардид, ки дар сароғози он бунёди иншооти бузурги аср НБО мебошад.
НБО-и “Роғун” ин умеду ормони умумиллиест, ки андешаву арзишҳои миллиро фаро гирифта, барои рушду нумуи ҳаматарафаи ҳаёти ҷомеа ва ноил гардидан ба мақсадҳо ва манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Сохтмони НБО-и “Роғун” ва сарнавишти андешаҳои миллии хешро барои рушду нумуи кишварамон истифода намуда, саҳмгузори ояндаи миллату фарзандони хеш мебошем. Саҳмгузории мову шумо пойдории худшиносию худогоҳии миллиест, ки амнияти истиқлолияти энергетикии Ватани азизамонро таъмин менамояд.
Сохтмони НБО-и “Роғун” бо сармояи шаҳрвандони кишварамон ин иқтидори иқтисодию сиёсии Тоҷикистон, нангу номус, мақому мартабаи сиёсии кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз эҳё намудани расму русум ва анъанаи тоҷикона, яъне ба таври ҳашар бунёд намудани чунин як иншооти бузурги аср танҳо хоси миллати тамаддунофарин мебошад. Аз ин рӯ, сохтмони НБО-и “Роғун” дар қатори дигар арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик аст. Ин ифтихор аз ватандорӣ, аз миллати бо ору номус ва Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки дар ноил гардидан ба ҳама гуна ҳадафҳои миллӣ бурда мерасонад. Сохтмони НБО-и “Роғун” бо дасти мову шумо ва истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон бунёд гардид.
Дар охир ҳаминро гуфтанием, ки барои рушди босуботи иқтисодӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ бояд неруи барқро сарфакорона истифода барем.
С. ҲАКИМОВА,
муаллими кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng