Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфтааст. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои ифродгаро ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодаанд.

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,

Қуллаҳоят сари болои ман аст.

Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону тан,

Намакат заҳр шавад дар баданам.

Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан барои ҳар яки мо муқаддас аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддас барои ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Мувофиқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: "Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли маърифат бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳити оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро бар он зам менамояд.

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ моро водор месозад, ки ба хизмати содиқонаи сарбозону афсарон арҷ гузорем. Зеро онҳо шабонарӯзӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар қарор доранд ва оромии моро таъмин менамояд. Эҳтиром ба онҳо эҳтиром ба давлат ва истиқлоли миллӣ мебошад. Рӯзи Артиши миллӣ на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи ваҳдат, қудрат ва худшиносии миллӣ аст. Бигзор, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тавоно, муттаҳид ва омодаи ҳифзи Ватан бошанд, то ки осмони кишвари азизамон ҳамеша орому соф боқӣ монад.

Ҳошимҷон БОБОЕВ,

донишҷӯйи курси 2-и ихтисоси 1-25010401 факултети молия ва қарз