ҲОМИЁНИ КИШВАРЕМУ ТАҲТИ ФАРМОН САФ КАШЕМ!
«Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат, сипари ҳифзи истиқлолу озодӣ ва кафили амнияти кишвар мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин пояҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, ҳар давлате, ки истиқлоли худро дорад, барои ҳифзи марзу бум ва амнияти шаҳрвандон ба нерӯи ҳарбӣ такя мекунад. Барои миллати тоҷик Артиши миллӣ рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ ва масъулияти бузург мебошад. Миллати тоҷик соҳиби артише ҳаст, ки таърихи на он қадар тӯлонӣ, вале пурифтихор дорад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи худро эҳсос намуд. 23 феврали соли 1993 рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ эълон гардид. Аз ҳамон рӯз то инҷониб Артиши миллӣ рушд карда, бо техникаҳои муосир таъмин гардида, омодагии афсарону сарбозон боло рафта истодааст.
Ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Хизмат намудан дар сафи Артиши миллӣ барои мо - ҷавонон мактаби ҷасорат, мардонагӣ, худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Дар ин мактаб ҷавонон на танҳо истифодаи техника ва силоҳҳоро меомӯзанд, балки рӯҳи ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва масъулиятшиносиро аз худ мекунанд.
Агар мо - ҷавонон фаъол, донишманд ва ватандӯст бошем, амнияти давлат ҳамеша устувор мемонад. Ҳамин тавр, нақши ҷавонон дар таҳкими Артиши миллӣ ниҳоят бузург аст, зеро ҷавонон муҳофизони имрӯзу фардои Ватан мебошанд.
Муборак бод ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳ Олӣ,
Муборак бод аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Иброҳим РАҲИМОВ,
донишҷӯи курси 2 ихтисоси 1-25010202 факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng