ТАРБИЯИ НАСЛИ ҶАВОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ
Ҳифзи истиқлолият ва таъмини амнияти миллӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ба шумор меравад. Бе неруи мудофиавии қавӣ давлат наметавонад сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва оромии ҷомеаро таъмин намояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ роҳи мустақили давлатдориро пеш гирифт, таъсиси Артиши миллӣ аҳамияти ҳаётӣ дошт.
Дар солҳои аввали истиқлол кишвар бо мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Бо вуҷуди ин, сохтори ҳарбӣ тадриҷан ташаккул ёфт. Қӯшунҳои хушкигард, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ ҳамчун бахшҳои асосии артиш амал мекунанд.
Вазифаи асосии Артиши миллӣ ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Артиш танҳо сохтори низомӣ нест, он мактаби тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва масъулият мебошад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими сулҳу субот ва оромии ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат аст.
Дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ баргузор мегарданд. Афсарону сарбозон барои хизмати содиқонаашон қадрдонӣ мешаванд. Ин ҷашн ҳисси ифтихор ва ватандӯстиро дар ҷомеа тақвият медиҳад.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо иди низомиён, балки рӯзи тамоми шаҳрвандон аст, зеро амният ва сулҳ асоси рушди ҳар як давлат мебошад. Артиши миллӣ бе ҷавонони фаъол ва содиқ нерӯи комил шуда наметавонад. Аз ин рӯ, тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти калон дорад. Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҷиддии тарбияи ахлоқӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавон мактаби ҷасорат ва масъулият аст. Дар ҷараёни хизмат онҳо интизом, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба қонунро меомӯзанд.
Таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҷавонони босавод, ватандӯст ва омода ба ҳимояи Ватан метавонанд рушди устувори кишварро таъмин намоянд.
Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ омили муҳими таҳкими амнияти миллӣ мебошад. Давлат барои беҳтар намудани шароити хизмат ва боло бурдани сатҳи касбияти низомиён тадбирҳои пайваста меандешад.
Дилшод ШЕРАЛИЗОДА,
донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25011100 аудит ва ревизияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng