ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - КАФИЛИ АМНИЯТ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА
“Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обу тоб ёфтани ҷавонон мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи устувор, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти мардум ба ҳисоб меравад. Хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бузурги шаҳрванди буда, меҳру муҳаббати ҳар як шахсро нисбат ба Модар-Ватан боз ҳам бештар мекунад. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, Истиқлолият, барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва мубориза ба муқобили дастаҳои Мусаллаҳи ҷинояткорон, ошӯбҳои хиёнаткорон, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки барои ҳар як фарди бонангу номус мояи ифтихор ва сарфарозӣ мебошад. Бояд ёдовр шуд, ки талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бориз буда, бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат имрӯз ин ниҳоди қудратӣ бо яке аз мақомоти боэътимод дар ҳифзи марзу бум ва осиштагии мардум табдил ёфтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ новобаста аз вуҷуд доштани буҳрони иқтисодию молиявӣ дар кишвар барои фароҳам овардани шароити хуб ҷиҳати хизмати афсарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир эътибори аввалиндараҷа додааст.
Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда, барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбия менамояд. Вазифаи асосии Қувваҳои Мусаллаҳ таъмини ҳокимияти сиёсӣ, барҳам додани низоъҳои дохиливу хориҷӣ, ки ба пойдории давлат таъсир мерасонанд ва аз ҳама муҳим ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон чун кафили саодатмандию сулҳу субот ва рӯзгори осоишта, инчунин зиндагии амни шаҳрвандон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯи пурқудрат табдил ёфта, баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, ҳифзи марзу буми кишвар хизмати шоиста кардааст.
Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд барои ҳар як ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони боору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиён ва муҳофизони содиқи Ватанро мебинанд ва дилпурона дар роҳи бунёдкорию созандагӣ бо азму талош ва иродаи қаввӣ кору пайкор мекунанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 33-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зиндагии шоиста, рӯзгори осоишта, хизмати сидқан ба халқу миллатро таманно менамоям.
Муҳаммад ҲАЙМАҲМАДОВ,
донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси 1-260102 идораи давлат ва ҳуқуқи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng