РАМЗИ ШУҶОАТ, ДАЛЕРӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ
Ҳамасола рӯзи 23 феврал дар саросари Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана қайд карда мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории миллӣ рамзи шаҷоат, далерӣ, мардонагӣ ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон дар шароити басо душвор ба марҳалаи нави давлатдорӣ қадам гузошт. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ дар давлатдории навин баргузор гардид. Соли ҷорӣ аз таъсиси Артиши миллӣ 33 сол сипарӣ мешавад. Агар дар солҳои аввали таъсисёбӣ шароити қисмҳои ҳарбӣ мушкил буд, имрӯз бо талошҳои давлату Ҳукумат вазъи моддиву техникии қӯшунҳо куллан дигар гаштааст. Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сохтори муҷаҳҳазу тавоно табдил ёфтаанд, ки барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ ҳамеша омодаанд.
Муҳлати хизмати ҳарбӣ тибқи моддаи 43-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки тартиби хизмат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро танзим мекунад, муайян шудааст. Барои сарбозон ва сержантҳо - 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олӣ - 12 моҳ ва хизмати сафарбарӣ бошад, 1 моҳ.
Дар муҳити низомӣ ҷавон мефаҳмад, ки озодӣ ва истиқлолият бо қувваи неруманд ҳифз мешаванд ва манфиати Ватан аз манфиати шахсӣ болотар аст.
Дар сафи артиш ҷавонон аз минтақаҳои гуногун бо як ҳадаф ҳифзи Ватан муттаҳид мешаванд. Ин ҳамбастагӣ пояи устувори давлатдорӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ аст.
Ҳар як ҷавони бонангу номус бояд дарк намояд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо иҷрои уҳдадорӣ, балки шарафи бузург, мадори ватандӯстӣ, сабақи зиндагӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлолият аст.
Ватан ба ҷавононе ниёз дорад, ки бо муҳаббат хизмат мекунанд, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд ва барои ҳифзи сулҳу суботи пойдор омодаанд.
Зуҳуриддин МУХТОРОВ,
коменданти хобгоҳи №1-и донишҷӯёни ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng