Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии комил қарор дорад. Ин неъмати бузург, ки барои ҳар миллат арзиши бебаҳост, ба осонӣ ба даст наомадааст. Он самараи заҳмату талошҳо, ҷоннисориҳо ва бедорхобии фарзандони содиқи Ватан аст, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омодаанд ҷони худро нисор созанд. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳои муҳими таърихии давлатдории мост, ки рамзи шуҷоат, мардонагӣ, садоқат ва ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфта, дар марҳилаҳои душвори таърихӣ ташаккул ёфтанд. Солҳои аввали истиқлолият барои миллати тоҷик озмоиши ҷиддӣ буданд. Давраи нооромиҳо ба ҳар яки мо нишон дод, ки сулҳ ва субот арзиши бузург доранд ва барои ҳифзи онҳо сохторҳои низомии муназзаму тавоно заруранд.

Бо дастгирии роҳбарияти давлат ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тадриҷан таҳким ёфта, имрӯз ба неруи боэътимоди ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат табдил ёфтаанд. Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки рамзи давлатдории мустақил ва ифтихори миллӣ мебошад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавонмарди тоҷик мактаби шуҷоат, интизом ва масъулиятшиносӣ аст. Дар ин мактаб ҷавонон на танҳо нозукиҳои хизмати ҳарбиро меомӯзанд, балки ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихор аз миллатро дар қалб ҷой медиҳанд.

Артиши миллӣ ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои кишвар тарбия мекунад. Ҳар сарбоз бояд дарк намояд, ки ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи касбӣ, балки қарзи виҷдонии ӯст. Ин масъулият аз эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ, ба фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллат сарчашма мегирад.

Аз қуллаи баланди кӯҳ агар як санги кӯчак фурояд, метавонад фоҷиаи бузургеро ба вуҷуд оварад. Ин мисол ба мо мефаҳмонад, ки ҳатто як амали хурд метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Бетарафӣ нисбат ба амнияти давлат, паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ, бӯҳтон ва суханони носанҷида метавонад мисли ҳамон санги кӯчак пояҳои суботро заиф гардонад. Аз ин рӯ, ҳифзи Ватан танҳо вазифаи сарбоз дар сарҳад нест. Агар сарбоз бо силоҳ марзро посбонӣ кунад, шаҳрванд бо рафтори шоиста, сухани нек ва амали созанда фазои орому устувори ҷомеаро нигоҳ медорад. Ҳар як сухан, ҳар як рафтор ва ҳар як иқдоми мо метавонад ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намояд ё баръакс ба он халал расонад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки барои пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ зарур аст. Сулҳу оромӣ заминаи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ дар ҳифзи ин арзиши муқаддас саҳми бузург доранд.

Имрӯз сарбозони тоҷик дар шароити муосир бо истифода аз техника ва таҷҳизоти навтарин омодагии ҷангии худро такмил медиҳанд. Машқҳои ҳарбӣ, омӯзишҳои тактикӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодагии ҷангии неруҳои мусаллаҳ мусоидат мекунанд. Ин ҳама барои он аст, ки амният ва оромии кишвар таъмин гардад.

Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи давлат ба дониш, маърифат ва ҳисси ватандӯстии онҳо вобаста аст. Барои ҳамин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳар ҷавон бояд дарк намояд, ки Ватан танҳо як калима нест, он модар, таърих, фарҳанг ва сарнавишти мост. Муҳаббат ба Ватан дар сухан не, балки дар хизмати содиқона, меҳнати ҳалол, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтиром ба қонун зоҳир мегардад.

Дар ин рӯзи муборак мо бо эҳтироми хоса ба сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муроҷиат менамоем. Шумо сипари боэътимоди давлат, муҳофизони оромии мардум ва рамзи мардонагии миллат ҳастед. Хизмати шумо боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳар боре ки Парчами давлатӣ бо ифтихор парафшон мешавад, бояд ба ёд орем, ки пушти ин рамзи муқаддас заҳмати ҳазорон сарбозону афсарон меистад.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди низомиён, балки иди тамоми мардуми кишвар аст. Ин рӯз моро ба масъулиятшиносӣ, ҳушёрӣ ва ватандӯстии бештар даъват мекунад. Бигзор ҳар яки мо дар ҳифзу ҳимояи Ватан бетараф набошем. Ҳар сухани нек, ҳар амали созанда ва ҳар иқдоми ватандӯстона метавонад пояҳои сулҳу суботро боз ҳам мустаҳкам намояд. Ватани азизамон ҳамеша ободу осуда бод, осмони софу сулҳомез бар сари миллати тоҷик пойдор бимонад ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамеша сипари мустаҳками истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бошанд!

А. ШОЙИМҚУЛОВ,

муаллими калони кафедраи математикаи олии ДДМИТ