Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ҳуҷҷати сарнавиштсоз, стратегӣ ва дорои аҳаммияти муҳим дар таърихи муосири давлатдории миллии тоҷикон мавқеи хосса дорад. Ҳамасола ин санади муҳими давлатӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро хулосабардорӣ ва самти ояндаи онро муайян мекунад, барои таҳкими иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва таъмини суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ҳамчун қутбнамо хизмат мекунад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025 дар радифи инъикоси дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз кӯшишҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан, шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён қарор гирифт.

Яке аз нуқтаҳои асосии Паём ин буд, ки «Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад”.

Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад. Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.  Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.

Умуман, аз Паём то Паём сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии давлат ва заминаҳои устувори давлатдории миллиамон дар доираи тадбирандешии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурзӯртару пешрафтатар мегарданд ва умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари хирадманди худ сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Тахмина МУСЛИХОВА,

мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ