НАҚШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими танзими иқтисод ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳар як кишвар нақши калидӣ дорад. Маҳз тавассути он давлат имконият пайдо мекунад, ки ҳадафҳои стратегӣ, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушд, инчунин, сиёсати иҷтимоиро амалӣ намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буҷети давлатӣ на танҳо санади молиявӣ, балки василаи татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва барномаҳои стратегӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина, таҳлили нуктаҳои марбут ба сиёсати молиявию буҷетӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 баён гардиданд, аҳамияти махсус дорад.
- Рушди даромадҳои буҷет ва таҳкими низоми молиявӣ. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ, васеъ гардидани заминаи андозбандӣ ва беҳтар шудани идоракунии молияи давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Дар баробари ин, таъкид гардид, ки вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми молиявии кишвар ба меъёрҳои муосир мутобиқ карда шуда, самаранокии идоракунии молияи давлатӣ боз ҳам баланд бардошта шавад. Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати буҷетӣ бояд на танҳо ба афзоиши нишондиҳандаҳо, балки ба устуворӣ ва муқовиматнокии иқтисод низ равона гардад.
- Маблағгузории лоиҳаҳои стратегии энергетикӣ. Яке аз самтҳои афзалиятноки буҷети давлатӣ маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, бахусус дар соҳаи энергетика мебошад. Дар соли 2025 барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ равона гардидааст ва қариб 60 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.
Ин иқдом дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии кишвар, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва табдил ёфтан ба кишвари содиркунандаи неруи барқ амалӣ мегардад. Маблағгузории мунтазами чунин лоиҳаҳо заминаи рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллиро фароҳам меорад.
- Афзалият ба соҳаи маориф ва сармояи инсонӣ. Соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии ташаккули сармояи инсонӣ дар сиёсати буҷетии давлат ҷойгоҳи марказӣ дорад. Барои соли 2026 ба ин соҳа қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилотро ҳамчун омили муҳими рушди дарозмуддати иқтисодӣ арзёбӣ менамояд.
- Таҳкими низоми тандурустӣ ва истифодаи шаффофи маблағҳо. Дар Паём, инчунин, зарурати мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, инчунин, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо таъкид гардид. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани шаффофият, коҳиши хавфҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ равона шудаанд.
Маблағгузории соҳаи тандурустӣ низ дар солҳои охир тамоюли афзоиш дошта, аз 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст, ки беш аз 4,2 баробар зиёд мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат тадриҷан тақвият меёбад.
- Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ. Бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодӣ ва зарурати беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, аз 1-уми сентябри соли 2026 баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақаҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Ин тадбирҳо на танҳо хусусияти иҷтимоӣ доранд, балки ҳамчун омили ҳавасмандгардонии фаъолияти меҳнатӣ, афзоиши талаботи дохилӣ ва густариши бозори миллӣ низ арзёбӣ мешаванд.
Омӯзиши нуктаҳои марбут ба сиёсати буҷетӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки буҷети давлатӣ дар шароити кунунӣ на танҳо воситаи таъмини фаъолияти соҳаҳо, балки механизми асосии татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад. Афзоиши ҳаҷми даромадҳо, афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ, маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати буҷетии кишвар ба рушди устувор ва беҳдошти некӯаҳволии мардум равона гардидааст.
Бо чунин равиш, буҷети давлатӣ минбаъд низ метавонад ҳамчун такягоҳи асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат хизмат намояд.
А. РАҲИМЗОДА,
магистранти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng