Мусаллам аст, ки ҳамаи санаҳои таърихии миллӣ як саҳифаи навини таърихи миллатамонро бозгӯанд, вале Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, таҳкимбахшандаи асосии дигар ҷашнҳои миллӣ, бахусус пояҳои Истиқлоли давлатии Ватани азизамон маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ин санаи муҳим барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд муқаддас дониста шавад, зеро таъмини суботи ҷомеаи навини Тоҷикистон ва эҳёи арзишҳои миллӣ бешак аз Артиши миллӣ маншаъ гирифта, таъмини сулҳу суботи кишвар низ маҳз ба ин ниҳоди қудратӣ вобастагӣ дорад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои таъсис ва шаклгирии худ ба муқовиматҳои мусаллаҳи дохилӣ, ба мушкилоти вазнини ҳарбӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид.

Бо сабаби вазъияти ноороми дохилӣ роҳбарияти олии мамлакат тавонист танҳо баъд аз ду соли соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳматҳои зиёд ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузорад ва 23-юми феврали соли 1993 ин ниҳоди қудратии кишварро таъсис дод, ки дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ёд мешавад.

Маълум аст, ки барои давлати навтаъсисе чун Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилият кори саҳлу осон набуд. Дар чунин вазъият, ки ҳар замон хатари таҳдиди қувваҳои зиддимиллӣ ҷомеаи моро халалдор мекард, маҳз барои давлати навтаъсиси мо артиши устувор ва муҳофизи марзу буми кишвари аҷдодиамон зарур буд.

Артиши миллии Тоҷикистон бо сабаби нооромиҳои дохилӣ ва муаммоҳои дигар, ҳеҷ меросе аз Шуравии собиқ нагирифтааст ва ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи як ҷанги тамом гузаштааст. Он фаъолияти хешро дар авҷи ҷанги дохилӣ шуруъ карда, солҳои баъдӣ низ ҳамеша дар амалиёт ва чораҷӯиҳои амниятии кишвар саҳм гузоштааст.

Дар ибтидои таъсис артиши мо бо норасоии ҳайати афсарони касбӣ, набудани базаи муосири моддӣ-техникии ҳарбӣ, дигар мушкилоти моддиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ омада буд. Бо гузашти 33 сол коршиносони доираҳои ҳарбӣ ба сохторҳои таркибии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз артишҳои корозмудаи ҷангии аҳамияти минтақавидошта баҳогузорӣ мекунанд. Сабақи ҷангие, ки қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва дигар ҷузъу томҳои мусаллаҳи кишвар дар тамоми солҳои душвори ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ба ивази хуни садҳо ҷавонмардон аз худ карданд, ба мактаби бузург ва маҳорати ҳарбии сарбозони тоҷик мубаддал гаштааст.

Мусаллам аст, ки амалиётҳои ҳарбии хурду бузург ва кӯтоҳу дарозмуддати дар ҳудуди Тоҷикистон баамаломада ба обутобёбии афсарони мо дар тамоми минтақаҳои мамлакат мусоидат кардааст. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи артиши Тоҷикистон аз дигар артишҳои минтақа ин омодагӣ ва қобилияти ҷангӣ баҳри иҷрои амалиётҳои ҷангӣ дар шароити кӯҳсор аст.

Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз аз неруҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ таркиб ёфта, нақши он дар барқарорсозӣ ва нигоҳдории сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят калон аст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ то имрӯз тавонистанд вазъияти дохилии кишварро ба эътидол оварда, тамоми қудрати худро сарф намоянд ва марзи муқаддаси Ватанро бо ҳисси баланди мардонагӣ ҳифз намоянд.

Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии кишварамон то кунун ҳазорҳо ҷавонмардони бонангу номуси миллат барои ҳифзу оромӣ ва ҳаёти хушбахтонаи мо ҷони худро фидо намуда, ҳимояи марзу буми Ватани азизу маҳбубамонро ба ҷо оварданд.

Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.

Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзи Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи солҳои фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёфт.

Сарбозони далеру шуҷо тавонистанд вазъияти ҳарбию сиёсии кишварро ба дасти хеш гирифта, барои мубориза бурдан бо тамоми қувваҳои тундгарои дохилию хориҷӣ талош намоянд ва барои ба эътидол овардани вазъи дохилии кишвар ва сулҳу суботи пойдор дар кишвари азизамон тамоми неру ва ғайрати худро сарф намоянд. Онҳо тамоми мушкилоти вазнинро паси сар намуда, дар рӯзҳои сарди зимистон ва гармои тобистон чун сипари боэътимод, хоки муқаддаси Ватанро ҳифз намуданд ва имрӯз ҳаёти осоиштаро дар мамлакат таъмин менамоянд.

Воқеан ҳам, далерию мардонагии ин сарсупурдагони Ватан лоиқи таҳсин аст!

Айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз бо лавозимоти ҳарбии ҳозиразамон таъмин гардида, барои муқовимат бо қувваҳои бадхоҳе, ки мақсадашон вайрон намудани сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, оромӣ ва сулҳу суботи деринтизори халқи Тоҷикистон аст, неруи худро истифода карда, якпорчагии Ватанро ҳифз намоянд.

Афсарони мо бо руҳияи баланди хештаншиносӣ ба муқаддасоти Ватан ифтихор доранд. Ҳифзи сарзамин, ифтихори миллӣ ва якпорчагии Ватанро мақсади ягонаи худ қарор додаанд.

Хулоса, имрӯз ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Тоҷикистон хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлол доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш, меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.

Акнун халқи Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлоли Ватан баҳра баранд. Артиши миллии мо имрӯз дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тули ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон додаанд.

Хулоса, мо - халқи Тоҷикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дӯши худ гирифтаем, бояд баҳри сулҳ ва ободии Ватани азизу маҳбубамон то нафаси охирин мубориза барем ва хоки муқаддаси Ватанро ҳамеша дифоъ намоем. Бигзор, сулҳу суботи комил дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ таъмин бошад ва аз самараи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ҳамагон баҳравар гарданд.

 

Сулаймон ДӮСТОВ,

устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ