АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо эҳсоси баланди ифтихор ва масъулияти ватандорӣ таҷлил мегардад. Ин санаи таърихӣ ҳамчун рамзи шуҷоат, мардонагӣ ва садоқати фарзандони далери миллат ба Ватан дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Таъсиси Артиши миллӣ дар марҳилаи ҳассоси таърихи кишвар ба амал омада, яке аз иқдомҳои муҳими таҳкими пояҳои давлатдории мустақил ба шумор меравад. Дар солҳои аввали истиқлолият, ки ҷомеа ба мушкилоти гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, маҳз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъмини амният, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва барқарории суботу оромӣ мусоидат намуд.
Имрӯз Артиши миллӣ ҳамчун сохтори муҳими давлатӣ ба неруи муназзам, касбӣ ва муҷаҳҳаз табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи доимӣ ба омодабошии ҷангӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ ва беҳдошти шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа маҳсуб меёбад.
Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳифзи марзу буми кишвар, балки мактаби бузурги тарбияи ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон имтиҳони ҷиддии ирода, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ аст. Дар ин мактаб ҷавон на танҳо нозукиҳои касби ҳарбиро меомӯзад, балки ҳамчун шахсияти боирода ва ватандӯст ташаккул меёбад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, аз ҷумла экстремизм, терроризм ва ҷинояткории фаромиллӣ густариш меёбанд, мавҷудияти Артиши пуриқтидор ва омода ба ҳар гуна вазъият аҳаммияти хоса касб мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ҳисси баланди масъулият ва омодабошии доимӣ вазифаи муқаддаси худ - ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва суботи давлатро содиқона иҷро менамоянд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар кишвар ҳукмфармост, маҳз бо талошу заҳмати шабонарӯзии муҳофизони Ватан таъмин мегардад. Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан, рамзи қудрат ва ифтихори давлатдории миллӣ буда, такягоҳи устувори сулҳу амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, зарурати таъсиси неруи мудофиавии мустақил ба миён омад. Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва заҳмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба неруи муташаккил ва омодаи ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфтаанд.
Рӯзи Артиши миллӣ барои ҳар як шаҳрванди худогоҳ ҷашни муқаддас мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои душвор собит карданд, ки метавонанд амният ва якпорчагии давлатро ҳифз намоянд.
Бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ имрӯз дорои техникаву таҷҳизоти муосир ва ҳайати касбии корозмуда мебошад.
Хизмат ба Ватан нишонаи камолоти инсон аст. Ҷавоне, ки дар сафи Артиш хизмат мекунад, дарси ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ меомӯзад. Ин мактаб на танҳо ҳифзи марз, балки тарбияи шахсияти солим ва масъулро таъмин мекунад. Пас, ҳар яки мо бояд эҳтироми худро нисбат ба муҳофизони Ватан изҳор намуда, саҳми худро дар таҳкими сулҳу ваҳдат гузорем.
Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки бо заҳмат ва ҷоннисории фарзандони миллат ҳифз мегардад. Артиши миллӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ кафили амният ва оромии ҷомеа мебошад.
Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз таҳдидҳои муосир, мавҷудияти Артиши пуриқтидор барои ҳар давлат зарур аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи баланди омодабош қарор дошта, барои дифои Ватан ҳамеша омодаанд.
Мо бояд дар руҳияи ватандӯстӣ фарзандонро тарбия намоем, то онҳо арзиши сулҳ, ваҳдат ва истиқлолро дарк кунанд. Артиши миллӣ на танҳо неруи ҳарбӣ, балки мактаби бузурги тарбияи миллӣ мебошад.
Хисрав АБДУРАЗОҚОВ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия
Тоҷ
Рус
Eng