23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст.

Дар тули 33 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад. Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки бо теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбӣ боқӣ монда буд, ҳоло тавоно ва замонавӣ гардида, дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз, варзишгоҳу машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.

Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Афзудани хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои реаксионӣ, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрӯз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор месозад, то барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманон омода бошанд. Мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

Бахтовар СОЛИЕВ,

ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор