Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст.

Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра, дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.

Истиқлоли давлатӣ барои худшиносии миллӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва эҳёи давлату миллати куҳнабунёди тоҷикон эътироф гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик медонанд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Яке аз роҳҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ ин рӯ овардан ба илму маърифат аст. Ба ин манзур нақши маорифи кишвар хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”... “Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф, ба таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад. Агар ҳадафи мо воқеан ҳам бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастҷамъӣ рӯй ба мактабу маориф оварем”.

Барои ҷомеаи муосир, хусусан давлатҳои рӯ ба рушд тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, метавонад муқовимат ба таҳдидҳои фарҳангӣ, идеологӣ ва маънавии бегонаро таъмин намояд. Дар робита ба ин, “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳадаф аз ин ибтикори Пешвои миллат дар баробари анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, ҳамзамон боз ҳам баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии аҳолӣ дар заминаи таъриху фарҳанги пурғановату бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб мешавад.

Худшиносии миллӣ маҷмуи дониш, эҳсос ва дарки фард оид ба мансубияти худ ба миллат, таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мебошад. Худогоҳии миллӣ сатҳи баландтари худшиносӣ маҳсуб шуда, масъулияти иҷтимоӣ, ватандӯстӣ ва омодагӣ барои ҳифзу рушди манфиатҳои миллиро дар бар мегирад.

Ин ду мафҳум бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ҳамбастагӣ ҷаҳонбинии миллии шаҳрвандонро ташаккул медиҳанд. Миллате, ки худшиносию худогоҳии миллӣ надорад, дар раванди таърих осебпазир гардида, хавфи аз даст додани ҳувият ва арзишҳои миллияш пеш меояд.

Воқеан ҳам, барои тақвияти худшиносии миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва бевосита Пешвои муаззами миллат як қатор тадбирҳои такондиҳандаи ин раванд рӯйи кор омаданд, аз қабили чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа гардидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат ва шинохти таърихи хеш, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии роҳандозӣ гардид.

Ҳамзамон, бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дастур доданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Дарвоқеъ, тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, фарҳангу таърихи гузаштаи худро ҳимоя карда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд. Зарур аст, ки нуктаеро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ёдовар шавем, ки иброз намуданд: «...ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз ва шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва талош баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллист. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ-фарҳангӣ шахсро ба инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастӣ оварда мерасонад. Мусаллам аст, ки худшиносӣ ба адаб ва маънавиёт пайвандӣ дорад, зеро сарчашмаи онҳо шинохтани мавқеи худ аст. Бузурге гуфта, ки «худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанги мо низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд ва хулоса тақрибан як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касби камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шуруъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.

Барои бунёди воқеан, ҷомеаи солим, ки дар заминаи он инсонҳои комил бояд арзи вуҷуд намоянд, зарур аст дар ибтидо волидайн барои он аз лиҳози рӯҳӣ худро омода созанд, зеро фарзанд намунаи рафтор, пиндор ва гуфторро, қабл аз ҳама, аз волидайни хеш меомӯзад ва мепазирад. Ҳар қадаре ки дар таблиғи ахлоқи ҳамида ва муносибати боэҳтирамона дар ҷомеа талош карда шавад, ҳамон андоза ба тарбияи фарди комилу солим ва рушди ҷомеа муваффақ метавон шуд. 

Бояд қайд кард, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз манфиат дур нахоҳад буд. Барои бақои миллат тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ хеле зарур аст, зеро ҷавоне, ки ҳувияти миллӣ дорад, манфиати миллиро дар ҳама ҳолат ҳифз мекунад ва арзишҳои миллиро болотар аз ҳама гуна арзишҳо мегузорад, пас бо андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи қавӣ миллату давлат ва муқаддасоти онро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, сипари боэътимод дар муқобили гаравишҳои ифротӣ мегардад.

Хушнуд МАҲМАДКАРИМОВ,

муаллими калони кафедраи андозбандӣ ва суғурта