Тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон дар ҳама давру замон ҳамеша дар меҳвари сиёсат ва ҳокимиятҳои мухталиф қарор дошту дорад, зеро ин ду вожа бо ҳам пайвандии амиқу дақиқ доранд. Аз ҷумла, танҳо шахси ватандӯст метавонад, ки сина сипар карда, ба муқобили душман ҷангад ва ё бедорхобӣ кашида, дар сангарҳо камин гирад. Инчунин, шахси дорои тарбияи дурусти ҳарбию ватандӯстидошта метавонад, ки посбони манфиатҳои милливу иҷтимоӣ бошад. Дар ҳарбу зарб бошад, мо хуб дарк менамоем, ки “Шараф чизи таҷовузнопазир аст!” ё ҳимояи марзу бум ва сарзамин чист?! Дар майдони ҳарбӣ фикри ватандӯстӣ доштан ва дар сарзамин зистану дар андешаи ҳимояи он будан шарти муҳиму зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар замони имрӯз низ аз самтҳои муҳимтарини сиёсат, амният ва фарҳанги миллӣ қабул гардидааст. Набояд фаромӯш сохт, ки ин раванд танҳо омӯзиши фанни тайёрии ҳарбӣ нест, балки маҷмуи чорабиниҳои тарбиявӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки мақсад аз татбиқи онҳо дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, масъулиятшиносӣ, садоқат ва омодагӣ ба ҳимояи давлату миллат мебошад. Дар умум, барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои Ватан ҳиссагузор будан шарти асосист.

Ҳамзамон, дар давраи дигаргуншавиҳои бесобиқаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои нави иттилоотӣ, сиёсӣ ва геополитикӣ, ҷомеа вазифадор мебошад, ки хислатҳои ватандӯстӣ ва омодагии ҳарбиро дар насли ҷавон тарбияву тақвият бахшад. Набояд фаромӯш сохт, ки маҳз ҷавонони бедордил, хештаншиносу худогоҳ ва дорои иродаву равони қавии миллию давлатӣ метавонанд устувории давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллиро таъмин намоянд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, таҳти №1920, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ маҷмуи тадбирҳое мебошанд, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ғанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст.

Бармегардем ба асли мавзуъ, яъне як муассисаи олии таълимии касбии ҷумҳурӣ чӣ гуна метавонад, ки дар ташаккули тарбияи ҳарбию ватандӯстии насли ҷавон, яъне донишҷӯён таъсиргузор ё саҳмгузор бошад.

Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, имсол аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад. Агар ба саҳфаи инкишофи ин мактаби олӣ назар намоем, дар раванди ташаккули худ якчанд марҳилаҳои муҳими таърихиро аз сар гузаронида, ба муассисаи таҳсилоти олии касбии бузурги соҳавӣ табдил ёфтааст. Айни замон, дар донишгоҳ зиёда аз ҳашт ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил карда, донишгоҳ дорои инфрасохтори инкишофёфта ва заминаи моддию техникии мукаммал мебошад. Раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ бо таҷҳизоти муосир ва унсурҳои зарурӣ таъмин мебошад.

Дар баробари ин, тӯли ин солҳо самти тарбия дар меҳвари фаъолият ҷой гирифта, хатмкунандагон дар баробари диплом гирифтану мутахассис шудан, дар кӯлбори маънавиашон бори тарбияи ҳарбию ватандӯстиро доро мебошанд.

Дар донишгоҳ барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҳарбию ватандӯстии донишҷӯён чорабиниҳои мухталиф, фаъолиятҳои босамар ва самтҳое, ки ҳадафашон ташаккули ҳисси масъулият, муҳаббат ба Ватан, омодагии дифоӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ дар ҷавонон бошад, пайваста доир карда мешаванд, яъне татбиқи тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар ДДМИТ чунин амалӣ мегардад:

   1. Дар соатҳои тарбиявӣ ва дарсҳои кушод дар баробари дигар мавзую масъалаҳо ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Шинос намудани донишҷӯён бо таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла сафарбарнамоии донишҷӯён ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, осорхонаҳо ташкил гардида, моҳияту этиром ба рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ фаҳмонида мешавад;

   2. Дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар баробари дигар ҷавонони ватандӯст, донишҷӯёни ДДМИТ низ пас аз хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд, ки ин натиҷаи омӯзиши самаранок ва раванди таъсирбахши корҳои ташкиливу тарбиявӣ мебошад;

   3. Дар рӯзҳои идҳои Истиқлоли давлатӣ, Ҷашни Ғалаба ва Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои густурдаи амалӣ ва маърифатӣ гузаронида шуда, дар онҳо афсарони собиқадор ва хизматчиёни ҳарбӣ даъват гардида, моҳияти масъаларо мефаҳмонанд;

   4. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи ташаббусҳо ба қисмҳои ҳарбӣ сафарбар гардида, бо афсарону сарбозон суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамоянд;

   5. Иштироки донишҷӯён дар рӯзҳои дави миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои ватандӯстонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ вусъати тоза пайдо намудааст;

  6. Омӯзиши низомномаҳо ва қоидаҳои асосии хизмат дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ монда шуда, машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида мешаванд;

   7.Корҳои тарғиботӣ дар самти таҳкими зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён, баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, фаҳмидани сиёсати давлат дар соҳаи амният ва мудофиа дар донишгоҳ ва хобгоҳ ба таври доимӣ сурат мегирад.

Хуллас, тибқи Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 яке аз мақсадҳои фаъолияти тарбиявии донишгоҳ омода кардани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазире, ки ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ватандӯст ва ватанпарастӣ ғояи марказии фаъолияти минбаъдаашон ба ҳисоб меравад, таҳаммулпазиранд ва ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир устувор буда, бо рафтори нек, пиндори нек ва кирдори нек дар ташаккули ҷомеаи солим саҳмгузор мешаванд, мебошад.

Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ мо эътимоди комил дорем, ки ин ва дигар ҳадафҳои муайян дар самти корҳои ташкиливу тарбиявӣ сари вақт ва босифат амалӣ карда мешаванд.

Наврӯз ҶОБИРОВ