Амалҳои густурдаи террористӣ, ки солҳои охир дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ба вуқуъ пайваста истодаанду бо талафоти инсонӣ низ алоқаманданд, моро водор месозанд, ки ба мушкилоти терроризм аз нигоҳи тозае назар андозем. Имрӯз терроризм ба суботу амнияти дунёи иҷтимоӣ, ба пешрафти инсоният хавфи ҷиддӣ дорад. Сохтори ташкилии ташкилотҳои террористӣ мунтазам тағйир меёбанд, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин васеъ мегардад, силоҳҳои нав ба даст оварда мешаванд, дурнамои истифодаи даҳшатноктарин навъҳои силоҳ, инчунин, воситаҳои таъсиррасонӣ ба муҳит, фазои иттилоотӣ ва равони инсон воқеият мегардад.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм изҳор доштанд, ки гурӯҳҳои террористӣ аз ин вазъият суиистифода намуда, фаъолиятҳои ифротгароиро вусъат медиҳанд, ҷавононро ҳарчи бештар ба худ ҷалб мекунанд, ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро содир мекунанд.

Таҷрибаи байналмилалии мубориза бо терроризм нишон медиҳад, ки амалҳои террористӣ дар баробари таҷовуз ба ҳаёт ва саломатии мардум хисороти зиёди иқтисодӣ низ мерасонад. Аз ин лиҳоз, масъалаи марбут ба проблемаҳои илмию амалии муайян намудани ҳаҷми зарари иқтисодӣ аз терроризм таваҷҷуҳи хоси илмӣ ва амалӣ дорад.

Дар ҷангҳои солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, ки дар он созмонҳои гуногуни террористӣ фаъолона ширкат доштанд, беш аз 150 ҳазор нафар кушта, беш аз як миллион нафар гуреза гашта, ба кишвар беш аз 7 миллиард доллари ИМА хисороти иқтисодӣ ворид гардид.

То имрӯз дақиқ ҳисоб карда нашудааст, ки терроризм ба иқтисоди кишварҳо ва минтақаҳо чӣ хисорот мерасонад. Зарари ғайримустақим ба иқтисодиёт, пеш аз ҳама, бо он муайян карда мешавад, ки соҳибкорон аз тарси ҳамлаҳои террористӣ сармоягузорӣ ба ин минтақа ё кишварро хавфнок мешуморанд ва дар аввал ба арзиши молу хидматҳои худ “боҷи таваккал”-и иловагиро дохил мекунанд. Имконияти баҳодиҳии ин «нархи таваккал»-и иловагӣ баррасии махсусро талаб мекунад, аммо мо танҳо ба арзёбии хисороти мустақим аз ҳамлаи террористӣ назар меафканем.

Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро ҷиҳати пешгирии радикализатсияи ҷомеа ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм таҳия намуда, ду санади асосӣ - Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 (аз 12 ноябри соли 2016) ва аз 1 июни соли 2021 барои солҳои 2021-2025-ро қабул намуд, ки маҷмуи тадбирҳои мушаххасро дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм фаро гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 35 санад қабул шудааст, ки заминаи ҳуқуқии муқовимат ба радикализми динӣ, ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бархӯрди ҳамаҷонибаро пеш гирифтааст: заминаи ҳуқуқиро таҳким бахшида, барои рафъи сабабҳои терроризм чораҳои пешгирикунанда меандешад, инчунин, бо назардошти вазифаҳои давлат оид ба рафъи терроризм ҷиҳати ҳифзи арзишҳои бунёдии ҷомеа чораҳо меандешад. Ин стратегия дар заминаи татбиқи Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми СММ ва қатъномаҳои Шурои амнияти СММ амалӣ мешавад.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди зуҳуроти ифротгароӣ ва террористӣ дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирии онҳо мебошад.

Гузаронидани чунин корҳои профилактикӣ дар байни ҷавонон махсусан, муҳим аст, зеро маҳз насли наврас бо як қатор омилҳои гуногун аз ҷиҳати таъсири манфии гурӯҳҳои гуногуни зиддиҷамъиятӣ ва ҷиноятӣ осебпазиртар аст. Роҳбарони гурӯҳҳои ифротгароии гуногун ҷавононро ба иттиҳодияҳои худ ҷалб намуда, аксар вақт ба онҳо ҳалли осони ҳамаи масъалаҳо, аз ҷумла масъалаҳои моддиро ваъда медиҳанд.

Фирӯз СОЛИЕВ,

корманди ДДМИТ