“Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ қарор диҳем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии ин раванд аз бисёр ҷиҳат ба ин қувваи бузург вобаста мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неруи бузурги созанда, эҷодкор ва навовар буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб меёбанд. Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақшу ҷойгоҳи муҳимро соҳиб шудаанд.

Мо ҷавонон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳифзи амнияту суботи кишвар ва эҳёи арзишҳои волои тамаддуни ниёгон масъулияти бузургеро бар дӯш дорем. Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон рӯз ба рӯз бештар гардида, барои таҳсилу фаъолияти онҳо дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҷавонон имкон доранд, ки аз ин шароит самаранок истифода бурда, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоранд ва дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳм гузоранд.

Мо, ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва Сарвари ғамхору ватандӯст ҳастем. Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар тамоми соҳаҳо ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ободии Ватан, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди босуботи ҷомеа далели равшани ин пешрафтҳост.

Мо хушбахтем, ки маҳз дар даврони Истиқлолият ба дунё омадаем ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо истиқлолият, сулҳ, озодӣ ва Ватани азизамон бирасем. Тоҷикистон барои ҳар яки мо муқаддас аст ва дӯст доштани он вазифаи шаҳрвандии мост.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва созандагиву ободии кишвар ба фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад. Ин суханони роҳнамунсоз моро водор месозанд, ки бо меҳнати софдилона, донишу маърифат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

Ватанро дӯст доштан, барои ҳифзи он омода будан, арҷ гузоштан ба сулҳу ваҳдат ва истиқлолият аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонон бояд онҳоро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд. Танҳо дар ҳамин сурат метавон давлати пешрафта ва ҷомеаи мутамаддин бунёд кард.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳҳои замонавӣ, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳими стратегӣ ба сӯи рушду тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамаи ин нишонаи сиёсати созанда ва дурбинонаи давлату Ҳукумат мебошад. Мо ҷавонони соҳибистиқлол бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намоем.

Мо бояд пайваста аз пайи омӯзиши илму дониш, технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ бошем, зеро ояндаи кишвар дар дасти ҷавонони донишманду соҳибмаърифат қарор дорад. Танҳо бо дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ метавонем Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

Ояндаи Ватан дар дасти мост ва мо вазифадорем, ки бо амалу рафтори намунавӣ, эҳсоси баланди миллӣ ва меҳнати содиқона ҷавониро ҷовидон нигоҳ дорем.

 

Абдуғанизода Азизулло Абдуғанӣ,

муовини декан оид ба тарбияи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ