Ба муносибати 30-солагии ДДМИТ

Агар барои ба бар намудани қабои сабз ба замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гардидани орзуву ормони инсон устоду роҳнамо зарур аст. Воқеан ҳам, боиси сарфарозист, ки устодони ман роҳнамои ҷодаи зиндагӣ ва фаъолияти касбиам гардидаанд.

Ҳанӯз соли 2001, вақте ки бори нахуст қадам ба даргоҳи илму маърифат - Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон гузоштам ва номи пуршарафи донишҷӯро соҳиб шудам, ҳеҷ гумон намекардам, ки ин даргоҳ сарнавишти маро ба куллӣ дигаргун месозад.

Пас аз як соли таҳсил, замоне ки дар курси дуюм мехондам, воқеае рух дод, ки то имрӯз аз хотирам намеравад. Ректори вақти Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, устоди зиндаёд профессор Гулмирзоев Донахон (руҳашон шод, манзили охираташон обод бод) маро дар яке аз чорабиниҳои донишгоҳӣ вохӯрда, ба ҳузурашон даъват намуданд.

Он кас ҳанӯз намедонистанд, ки ман духтари омӯзгор Қутбия Ҳомидова ҳастам. Устод бо ман суҳбат намуда, пешниҳод карданд, ки дар донишкада ба кор оғоз намоям. Аз ҳаяҷону изтироб чизе гуфта наметавонистам, зеро тамоми вуҷудамро тарсу ҳаяҷон фаро гирифта буд. Ман танҳо гуфтам, ки модарам дар ҳамин муассиса фаъолият мекунанд.

Устод Гулмирзоев модарамро ба назди худ даъват намуда, таъкид карданд, ки бояд аризаи ба кор қабул шуданамро нависам. Азбаски бисёр ҷавон будам, аз кор кардан дар чунин даргоҳи бонуфуз ҳарос доштам. Модарам низ маро ташвиқ намуданд, ки ин пешниҳоди устодро қабул намоям.

Бо роҳнамоӣ ва дастгирии устод Гулмирзоев Донахон аризаи худро навишта, ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намудам. Аз ҳаяҷону тарси зиёд дастонам меларзиданд. Он лаҳзаҳо барои ман фаромӯшнопазиранд, зеро онҳо оғози фаъолияти корӣ ва қадами аввалини ман ба сӯи фаъолияти мустақилона буданд.

Ҳамон вақт маро ба ҳайси ҷонишини сардори бахши Кумитаи кор бо ҷавонони донишкада таъин намуданд.

Аз ҳамон рӯзҳои хотирмон то имрӯз ман дар ҳамин донишгоҳе фаъолият дорам, ки қисми муҳим ва ҷудонашавандаи ҳаёти маро ташкил медиҳад. Ман дар ин ҷо ба воя расидам, таҷриба андӯхтам, аз устодонам сабақ омӯхтам ва то ба дараҷаи устодӣ расидам. Имрӯз худро бе ин боргоҳи муқаддаси илму маърифат тасаввур карда наметавонам.

Профессор Гулмирзоев Донахонро нахустин устоди худ мешуморам. Ҳамчунин, устодони гиромиқадре чун Қурбон Бобоев, Насрулло Убайдуллоев (ки имрӯз роҳбари кори илмии ман мебошанд), Мубориз Худойдодов, Шӯҳрат Ҳамроев, С. Абидова ва дигарон барои ман чун хуршед буданд, ки бо нури илму маърифат роҳи зиндагиро равшан намудаанд.

Маҳз бо дастгирӣ, ғамхорӣ ва роҳнамоии ҳамин устодон ман тавонистам то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон содиқона фаъолият намоям.

Имрӯз модари азизам, нахустин устоди ман низ нисбат ба ман эътимоду боварии хоса доранд, зеро ман касби пуршарафи омӯзгориро, ки касби модар аст, идома додам. Ин касб барои ман танҳо як пеша нест, балки рисолати зиндагист.

Акнун, ки ҳам донишгоҳ ва ҳам ман ҳамқадами замон ба камол расидаем, аз дастовардҳои донишгоҳи азизам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он ифтихор менамоям. Зеро ҳар як дастоварди ДДМИТ-ро дастоварди шахсии худ мешуморам.

Донишгоҳи азизи ман, 30-солагии пурифтихорат муборак бод!

Муборак МИРЗОАЛИЕВА,

омӯзгори ДДМИТ