ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ТАҲДИД БА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА
Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, имрӯз ба амнияту суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари калон эҷод мекунанд. Ин амалҳои номатлуб бо истифода аз зӯроварӣ, тарсу таҳдид ва амалҳои ғайриинсонӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ва идеологӣ алоқаманд мебошанд. Аз ин сабаб, терроризмро аксаран «вабои аср» ва ё «зуҳуроти аср» меноманд.
Асри XXI асри рушди босуръати илму техника ва технология ба шумор меравад. Имрӯз инсоният ба дастовардҳои бузурги илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст. Одамон аз технологияҳои муосир, интернет ва воситаҳои пешрафтаи иртиботӣ васеъ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин пешрафтҳо, дар ҷомеа амалҳои хатарноке низ вуҷуд доранд, ки ба сулҳу оромӣ ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдид менамоянд. Яке аз чунин амалҳо терроризм ва экстремизм мебошад.
Терроризм маънои истифодаи зӯроварӣ ва таҳдидро барои расидан ба мақсадҳои муайян дорад. Гурӯҳҳои террористӣ тавассути тарсондан, куштор ва амалҳои ғайриқонунӣ мехоҳанд ба ҳадафҳои ғаразноки худ ноил шаванд. Онҳо аксар вақт дар ҷойҳои серодам, бозорҳо, мактабҳо, метро, фурудгоҳҳо ва марказҳои савдо амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо одамони зиёди бегуноҳ ҳалок гардида, ҳазорон нафар ҷароҳат мебардоранд.
Сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм гуногунанд. Яке аз омилҳои асосӣ камбизоатӣ ва бекорӣ мебошад. Вақте ки баъзе ҷавонон имкони кор ва зиндагии шоистаро надоранд, ба осонӣ ба фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Сабаби дигар паст будани сатҳи дониш ва маърифати сиёсиву динӣ мебошад. Ашхоси тундрав аз ноогоҳии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба амалҳои нодуруст ҷалб мекунанд. Ҳамчунин, ҷангҳо, низоъҳои сиёсӣ ва мухолифати байни давлатҳо метавонанд ба афзоиши терроризм мусоидат намоянд.
Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ аз технологияҳои муосир васеъ истифода мебаранд. Онҳо тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои ифротии худро паҳн менамоянд. Баъзан ҷавонон беандеша ба чунин таблиғот бовар карда, ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд ҳангоми истифодаи интернет ҳушёру бодиққат бошад ва маълумоти дурустро аз нодуруст фарқ карда тавонад.
Оқибатҳои терроризм барои ҷомеа хеле вазнин мебошанд. Пеш аз ҳама, одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Кӯдакон ятим мемонанд, оилаҳо наздикони худро аз даст медиҳанд ва ҷомеа ба ғаму андӯҳи зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Терроризм, инчунин ба иқтисодиёти давлатҳо зарари калон мерасонад. Биноҳо вайрон мешаванд, корхонаҳо аз фаъолият мемонанд ва маблағҳои зиёд барои барқарорсозӣ сарф мегарданд. Ғайр аз ин, дар ҷомеа ҳисси тарс ва ноамнӣ ба вуҷуд меояд, ки ба зиндагии осоиштаи мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Барои мубориза бар зидди терроризм ҳамкории тамоми давлатҳои ҷаҳон муҳим мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид барномаҳои махсус қабул намудаанд, то сулҳу амният дар ҷаҳон ҳифз гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи қатъӣ мебарад. Дар кишвар барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ дар пешгирии терроризм хеле бузург аст. Падару модарон бояд фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон, инсонпарварӣ ва сулҳпарварӣ тарбия намоянд. Омӯзгорон низ вазифадоранд ба донишҷӯён дониш, ҷаҳонбинии дуруст ва маърифати баланд омӯзонанд. Ҷавонон бояд бештар ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз худ намудани касбу ҳунар ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ намоянд. Шахси босавод ва соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ ба роҳи терроризм намеравад ва ба доми идеологияҳои ғаразнок намеафтад.
Хулоса, терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои ҷиддии замони муосир ба шумор рафта, ба сулҳу субот, амнияти давлатҳо ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдид мекунанд. Барои решакан намудани ин амали номатлуб тамоми инсоният бояд муттаҳид бошад. Ҳар як инсон вазифадор аст барои ҳифзи сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва амнияти ҷомеа саҳми худро гузорад.
Манучеҳр ҲАМРОЕВ,
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng