ҶАВОНОН ҲАМЧУН НЕРУИ ПЕШБАРАНДА БОЯД ДОРОИ «ФИЛТРИ МАЪНАВӢ» БОШАНД
Дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон эътироф мешавад, зеро аксарияти аҳолии онро насли наврас ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нерӯи бузург на танҳо сарвати демографӣ, балки кафолати амният, рушди иқтисодӣ ва пойдории фарҳанги миллӣ мебошад. Тавре ки дар шиору овезаҳо аз номи Пешвои миллат таъкид мешавад: «Ҷавонон - қувваи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлатанд».
Дар соли 2017 эълон гардидани «Соли ҷавонон» бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як такони ҷиддӣ дар тафаккури ҷомеа ва нуктаи гардиш дар сиёсати ҷавонон гардид. Ин сол пойдевори сиёсати «ҷавонгардонии кадрҳо»-ро гузошт ва исбот кард, ки давлат ба нерӯи созандаи насли нав эътимоди комил дорад. Дар ин давра ҳаракатҳои волонтёрӣ, грантҳои ҳукуматӣ барои соҳибкорӣ ва бунёди садҳо иншооти варзишӣ суръати тоза гирифтанд.
Дар асри бисту якум, ки онро асри технологияҳои баланд ва зеҳни сунъӣ меноманд, ҷавонон дар сафи пеши навоварӣ қарор доранд. Қувваи пешбаранда будан маънои мусаллаҳ шудан бо донишро дорад. Имрӯз ҷавони тоҷик бояд се аслро риоя кунад: Дар баробари ба таври кофӣ донистани забони давлатӣ, инчунин, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ба хотири дастрасӣ ба илми ҷаҳонӣ, доштани саводи рақамӣ бо истифода аз технология баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва ихтироъкорӣ, яъне табдил ёфтан аз истеъмолкунанда ба созандаи маҳсулоти зеҳнӣ.
Президенти кишвар дар ҳар як баромади худ ҷавононро ба худшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунанд. Яке аз иқтибосҳои калидии эшон чунин аст:
“Ҷавонони мо бояд дарк кунанд, ки Ватанро танҳо бо донишу маърифат, заҳмати содиқона ва ҳисси баланди масъулият обод кардан мумкин аст.”
Ин суханҳо масъулияти вазнинеро бар дӯши насли ҷавон мегузоранд. Ҷавонон на танҳо ворисони оянда, балки соҳибони имрӯзи Ватан мебошанд ва ҳар як пирӯзии онҳо дар арсаи варзиш ё илм, пирӯзии тамоми миллат аст.
Ба ин ҳама нигоҳ накарда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди мафкураҳо, ҷавонон бо хатарҳои мухталиф, аз ҷумла ифротгароӣ ва гум кардани ҳувияти миллӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Қувваи пешбаранда бояд дорои «филтри маънавӣ» бошад, таърихи худро бидонад, забони модариро эҳтиром гузорад ва фирефтаи таблиғоти бегона нагардад.
Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз соҳиби имкониятҳои беназир-аз квотаҳои президентӣ то стипендияҳои байналмилалӣ, мебошанд. Барои он ки воқеан қувваи пешбаранда бошем, мо бояд пайваста омӯзем ва меҳнат кунем. Ояндаи дурахшони кишвар аз он вобаста аст, ки мо имрӯз чӣ қадар дониш меомӯзем ва то чӣ андоза ба Ватани худ содиқ мемонем.
Зафар САЙНУРИДДИНЗОДА -
донишҷӯи соли аввали факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng