23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими миллӣ ба ҳисоб рафта, ба нақши ҷавонон дар рушду пешрафти ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва ояндаи кишвар бахшида шудааст. Ҷавонон нерӯи созанда, идомадиҳандаи анъанаҳои миллӣ ва умеди фардои давлат мебошанд. Аз ҳамин сабаб, давлат ва ҷомеа ба тарбия, донишомӯзӣ ва дастгирии онҳо аҳамияти калон медиҳанд. Дар кишвари мо зиёда аз нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун қувваи асосии пешрафти давлат эътироф шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меноманд. Бо ташаббуси давлат барои ҷавонон шароити хуби таҳсил, варзиш, илм ва фаъолияти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон, майдонҳои варзишӣ ва барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонон далели равшани ин ғамхорӣ мебошанд.

Бо дастгирии давлат қонунҳо ва барномаҳои махсус оид ба сиёсати ҷавонон қабул гардидаанд. Аз ҷумла, барномаҳои давлатии рушди ҷавонон, грантҳои президентӣ, стипендияҳо ва имкониятҳои таҳсил дар дохилу хориҷи кишвар барои ҷавонони фаъол мусоидат мекунанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки давлат ба ояндаи ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.

Ҷавонони тоҷик имрӯз на танҳо дар таҳсил, балки дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол мебошанд. Онҳо дар корҳои хайриявӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди технология ва тарғиби фарҳанги миллӣ саҳм мегузоранд. Бисёр ҷавонон бо донишу истеъдоди худ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд ва обрӯи кишварро баланд мебардоранд.

Ҳамчунин, ҷавонон бояд аз таъсири омилҳои манфӣ, ба мисли ифротгароӣ, нашъамандӣ ва фарҳанги бегона дур бошанд. Барои ин, омӯзиши илм, мутолиаи китоб, варзиш ва эҳтироми арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Ҷавони босавод ва худшинос метавонад ҷомеаро ба сӯи рушд роҳнамоӣ намояд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон  ҳамчун насли ояндасоз вазифадоранд, ки бо меҳнати ҳалол, дониш ва рафтори намунавӣ барои пешрафти Ватан хизмат кунанд. Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҳар ҷавон бояд ҳис кунад, ки барои сарнавишти миллат масъул мебошад.

Ҷавонон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо — илм, фарҳанг, варзиш, технология ва соҳибкорӣ - фаъолона иштирок мекунанд. Онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, парчами кишварро баланд мебардоранд. Хусусан, ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд барои пешрафти иқтисод ва рушди ҷомеаи муосир саҳми арзанда гузоранд.

Рӯзи ҷавонон танҳо як ҷашн нест, балки рӯзи масъулият ва худшиносӣ низ мебошад. Ҳар як ҷавон бояд ватандӯст, донишманд, боахлоқ ва меҳнатдӯст бошад. Зеро ояндаи миллат ба донишу ҷаҳонбинӣ ва рафтори ҷавонон вобаста аст. Муҳаббат ба Ватан, эҳтироми забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бояд дар қалби ҳар ҷавон ҷой дошта бошад.

Дар ин рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои идона баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳо барои муттаҳидии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва рушди истеъдодҳои онҳо мусоидат мекунанд.

Хулоса, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба насли ҷавон ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Ҷавонон бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои ободии Тоҷикистон ва пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

 

Давлатбахт ФОЗИЛОВА-

н.и.ф.м., дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика,

Маҳинур БАҲОДУРЗОДА-

ассистенти кафедраи аудит ва ревизия