ҶАВОНОН - СИПАРИ БОЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ
Ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа, муаррификунандаи давлату миллат ва идомадиҳандаи роҳи насли калонсол ба ҳисоб мераванд. Ҳар як давлату миллат пешрафту шукуфоии худро маҳз бо фаъолияти созанда ва иқдоми ҷавонон таъмин менамояд. Имрӯз ҷавонон ҳамчун қишри фаъол, неруманд ва ташаббускори ҷомеа дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ин рӯ, рушди давлатро бе иштироки ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст, зеро қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин неруи бузург барои давлат имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, то ҷомеаи муосир, босавод ва рақобатпазирро бунёд намояд. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш, иқтисод, техника ва технология фаъолона иштирок намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Бо дониш, ҷаҳонбинӣ, қобилият ва меҳнати созандаи худ онҳо парчамбардори миллат гардида, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳм мегузоранд.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон мавқеи меҳварӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат арзёбӣ менамоянд. Дар ҳар як суханронӣ ва мулоқот бо ҷавонон Сарвари давлат ба масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ диққати махсус медиҳанд.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳиву ватандӯстӣ барои ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат хизмат намоянд. Маҳз бо дастгирии давлат имрӯз барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон, китобхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҷудо намудани бурсияву грантҳо далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Яке аз муҳимтарин санадҳое, ки сиёсати давлатии ҷавононро танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тарбия ва ташаккули ҷавононро муайян намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳадафи асосии ин қонун дастгирии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Давлат ба ҷавонони соҳибистеъдод таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Имрӯз ҷавонони зиёде бо бурсияҳои президентӣ, грантҳои давлатӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд. Фароҳам овардани имконият барои таҳсил, такмили ихтисос ва коромӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҷавонон имкон медиҳад, ки донишу таҷрибаи муосирро аз худ намуда, дар рушди ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.
Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар корҳои созандагию ободонӣ фаъоланд, балки ҳамчун ҳомиёни марзу буми кишвар низ хизмат мекунанд. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад. Бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба Ватан ҷавонони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати содиқона намуда, амнияти давлатро ҳифз мекунанд.
Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи худро адо менамоянд”.
Ин суханони пурмуҳтаво бозгӯи мақому манзалати ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Воқеан ҳам, ҷавонон сипари боэътимоди давлату миллатанд. Онҳо бояд бо дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, ахлоқи ҳамида ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Имрӯз ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ дошта, ба фарҳанги бегона ва ғояҳои ифротӣ пайравӣ накунанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ҷавонони имрӯза бояд дар баробари аз худ намудани илмҳои муосир ва технологияҳои нав, инчунин, дорои фарҳанги баланди муошират, масъулиятшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ бошанд. Зеро ояндаи давлат маҳз ба донишу маърифат, фаъолият ва ташаббуси ҷавонон вобаста мебошад.
Хулоса, ҷавонон қувваи бузурги созанда ва такягоҳи асосии давлату миллат мебошанд. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон эътимоди калон доранд ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоранд. Ҷавонон низ бояд ин ғамхориҳоро қадр намуда, бо меҳнати софдилона, омӯзиши илму дониш ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд воқеан сипари боэътимоди давлат ва ояндасози миллат бошанд.
И. ҶУМАЕВ,
эдвайзери тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng