ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР БЕҲДОШТИ ҲАЁТИ АҲОЛӢ
Тоҷикон аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.
Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои зиёд роҳ медоданд.
Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қабл аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу динии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем.
Масалан, чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Илова бар ин, баъзе анаъна ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд.
Инчунин, аксарияти кулли анъанаҳо ва ҷашну маросим ба таври бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ табдил ёфта буданд. Дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд. То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд.
Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид. Чунин ҳолатҳо, алалхусус то замони қабул шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» (8-уми июни соли 2007 ва тағйирот ба он дар моҳи июни соли 2008), хеле зиёд ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ ворид мекарданд.
Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».
Вобаста ба ҷонибдории аҳоли оид ба қонуни мазкур санаи 6.06.2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шуд.
Қобили тазаккур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Ҳангоми қабули қонун шахсони ваколатдор ва мутасаддӣ кӯшиш намуданд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои дорои характери миллиро аз маросимҳои аз фарҳанги миллатҳои ғайр ба мо воридшуда ҷудо намоянд.
Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур тафриқаи иҷтимоиро низ кам менамояд ва дар ҷомеа барои ҳама имконияти якхела фароҳам оварда, боиси афзун гаштани синфи миёна мегардад. Дар ҷаҳони муосир ҳангоми муайян сохтани сатҳи инкишофи ҷамъияту давлат, пеш аз ҳама ба синфи миёнаи он диққати махсус дода мешавад, чунки маҳз ташаккули синфи миёна нишондиҳандаи то кадом андоза пешрафта будани ҷамъият буда метавонад. Синфи миёна синфи ботаҳаммул ва пуштибони сиёсати давлат буда, воситаи беҳтарини бартараф намудани оқибати буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст гардонидани шиддати иҷтимоӣ мебошад.
Синфи миёна барои устувории низоми иҷтимоӣ ва сиёсии давлат мусоидат менамояд, зеро «талабот»-и синфи миёна нисбатан камтар буда, намояндагони ин синф бештар «ба кори худ» банд мебошанд ва бо қувваи худ ҳаёташонро ба таври муътадил пеш бурда метавонанд. Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Дар маҷмӯъ аҳамияти ин қонун хеле бештар аст, аз он ки гуфта шуд. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян мекунад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст.
Наргис ДАВЛАТОВА -
ассистенти кафедраи
тањлили иќтисодӣ ва омор ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng