ТАРБИЯ ДАР ДДМИТ НА ИДДАОИ ҚОЛАБӢ, БАЛКИ НИЗОМИ МУАССИРИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ АСТ
Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳаввулоти босуръати сиёсиву фарҳангӣ, таҳдидҳои идеологӣ ва равандҳои пурпечутоби ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи тарбияи насли ҷавон ба яке аз вазифаҳои меҳварии муассисаҳои таҳсилоти олӣ табдил ёфтааст. Ҳоло донишгоҳ на танҳо маркази таълиму касбомӯзӣ, балки муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит фаъолияти сохторҳои тарбиявии муассисаҳои олӣ аҳамияти хосса касб мекунад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар давоми 30 соли фаъолияти пурсамар ба ҳайси яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии кишвар дар баробари омодасозии мутахассисони соҳибкасб, ба масъалаи тарбияи ҷавонон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин раванд Раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ нақши муассир дошта, бо роҳандозии чорабиниҳои гуногунҷанба дар самтҳои сиёсиву ватандӯстӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқиву зиддикоррупсионӣ, фарҳангиву экологӣ ва варзишӣ баҳри ташаккули шахсияти комил саҳми назаррас мегузорад.
Перомуни дастовардҳо, ҳадафҳо ва самтҳои асосии фаъолияти тарбиявӣ суҳбати сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Маҳмадалӣ Очилдиев бо сардори раёсати ташкилию тарбиявии ҳамин боргоҳи илму маърифат Сиёвуш Ҳабибов манзур мегардад.
- Таври маълум, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои бунёдӣ дар самти ташаккули насли наврас ба шумор меравад. Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, раванди татбиқи ин санад дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна ҷараён дорад? Бахусус, дар самти тарбияи сиёсӣ ва ғоявӣ чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?
- Воқеан ҳам, дар шароити муосир нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули шахсияти комил ва мутахассиси рақобатпазир бисёр муҳим мебошад. Таҳлили фаъолияти раёсати мо дар моҳҳои феврал, март ва апрели соли 2026 нишон медиҳад, ки муқаррароти Консепсияи миллии тарбия на дар шакли чорабиниҳои сирф ҳисоботӣ, балки тавассути барномаҳои амалӣ ва таъсиргузор дар ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ татбиқ мегарданд.
Дар самти тарбияи сиёсӣ ва ғоявӣ ҳадафи асосии мо ташаккули ҷаҳонбинии солими сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Бо ин мақсад омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи факултетҳо ба роҳ монда шудааст, то донишҷӯён бо ҳадафҳои стратегии давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ошно гарданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва пешгирии амалҳои хатарбор, аз қабили экстремизм ва терроризм, вохӯриҳои судманд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла роҳбарияти ШВКД-1 дар ноҳияи Сино баргузор гардиданд. Барои пешгирии хурофотпарастӣ низ мулоқотҳо бо намояндагони расмии соҳаи дин ташкил карда шуданд, то ба донишҷӯён моҳияти дини мубини ислом, фарқи миёни арзишҳои аслии динӣ ва хурофоту ҷаҳолат дуруст фаҳмонида шавад.
- Яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти Раёсати ташкилию тарбиявӣ таҳкими тарбияи миллӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи ҷорӣ ин самт дар донишгоҳ аз доираи чорабиниҳои маъмулии маърифатӣ фаротар рафта, ба як низоми фаъол ва ҳадафманд табдил ёфтааст. Ба андешаи Шумо, кадом омилҳо боис шуданд, ки чунин рӯҳияи баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ миёни донишҷӯён ҷараёни тоза касб намояд?
- Омили асосӣ дар гузаштан аз назария ба амалия мебошад. Мо таҷлили 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории мулоқотҳо бо генерал-майорҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудем, ки ин ба руҳияи ватандӯстии ҷавонон таъсири амиқ расонд. Натиҷаи баргузории ҳамин гуна корҳои тарбиявӣ буд, ки дар аввали моҳи апрел як қатор донишҷӯёни донишгоҳ баъди супоридани имтиҳонҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд. Ин, пеш аз ҳама, нишонаи баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебошад. Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии таърихӣ, боздидҳо аз Осорхонаи миллӣ ташкил карда шуда, инчунин даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Чунин иқдомҳо ҷиҳати бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва руҳияи қаҳрамонӣ дар замири ҷавонон нақши муҳим доранд.
- ДДМИТ барои низоми молиявию иқтисодии кишвар кадрҳо омода мекунад. Аз ин лиҳоз, дар ин замина тарбияи ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионӣ бояд мавқеи махсус дошта бошад. Раёсати ташкиливу тарбиявӣ ин самтро чӣ гуна ба роҳ мондааст?
- Бале, суоли матраҳкардаатон комилан баҷост. Бо назардошти он ки барои мо ин самт аҳамияти стратегӣ дорад, бо ҳамин мақсад, силсилаи вохӯриҳои «факултет ба факултет» бо иштироки судяҳои Суди ноҳияи Сино ва намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил баргузор карда шуданд. Ҷалби кормандони амалии мақомоти давлатӣ ба муҳити таълимӣ таъсири муассири пешгирикунанда дорад ва ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки паҳлуҳои амалии қонунгузориро беҳтар дарк намоянд. Ҳамчунин, вохӯриҳо бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Коррупсия эътимоди мардумро коста мегардонад» баргузор шуданд. Дар баробари ин, мо пайваста муҳтавои қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ба донишҷӯён шарҳ медиҳем, то онҳо дар оянда ҳамчун шаҳрвандони масъул ва дорои фарҳанги баланди иқтисодиву иҷтимоӣ ташаккул ёбанд.
- Тарбияи ахлоқиву маънавӣ ҳамеша меҳвари ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Дар донишгоҳ барои ҳифзи фазои маънавии ҷавонон чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?
- Мо ба тарбияи ахлоқиву маънавии донишҷӯён, бахусус донишҷӯдухтарон, таваҷҷуҳи махсус медиҳем, зеро маҳз онҳо тарбиятгари насли оянда мебошанд. Аксияи «Тоҷикона мепӯшем!» имрӯз ба як ташаббуси ҳамешагӣ табдил ёфтааст, ки дар самти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба бегонапарастӣ нақши муассир мебозад. Таҷлили Рӯзи Модар низ танҳо дар доираи як чорабинии ҷашнӣ маҳдуд нагардид, балки ба маъракаи муҳими ахлоқиву тарбиявӣ табдил ёфт, ки дар доираи он омӯзгорзанон ва бонувони фаъол қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими ҷаҳонбинии маънавӣ ва ошноии донишҷӯён бо мероси адабии ниёгон, маҳфили адабӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, ки фазои маънавии донишгоҳро боз ҳам ғанӣ гардонд.
- Эҳсос мегардад, ки баҳори имсола фазои донишгоҳ бисёр идона ва фарҳангӣ буд. Дар самти тарбияи зебоипарастӣ ва фарҳангӣ чӣ корҳо анҷом дода шуданд?
- Наврӯзи байналмилалӣ ва фасли баҳор худ беҳтарин мактаби тарбияи эстетикӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Мо озмуни «Суфраи наврӯзӣ»-ро бо иштироки адибони маъруф, аз ҷумла, Гулрухсори Сафӣ ва Ато Мирхоҷа, баргузор намудем. Инчунин, Фестивали «Сайри гули лола» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, шеърхонӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардид.
Кӯшиш менамоем, ки тарбияи фарҳангиро танҳо бо чорабиниҳои назариявӣ маҳдуд насозем. Масалан, дар доираи чорабинии «Дастони моҳир» донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ таоми миллӣ омода карданд, ки ин як намунаи хуби эҳёи фарҳанги рӯзгордорӣ ва суннатҳои миллӣ мебошад.
- Варзиш ва саломатӣ низ аз масъалаҳои муҳими самти шуғли ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Дар мавриди садди кӯчагардиву сарфи барабаси вақт, пешгирии донишҷӯён аз одатҳои номатлуб ва дар баробари ин, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву тарғиби ҳаёти солим раёсат чӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст?
- Варзиш, воқеан яке аз воситаҳои муассири ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим ва фаъол мебошад. Дар донишгоҳ мусобиқаҳои дохилидонишгоҳӣ ва байнидонишгоҳӣ оид ба волейбол, футбол ва дигар намудҳои варзиш мунтазам баргузор мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки беш аз 200 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе фаъолона ширкат варзиданд.
Дар самти пешгирии одатҳои номатлуб бошад, бо дарназардошти хатари афзоиши истифодаи маводи мухаддир ва ҳабҳои синтетикӣ, вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки табибон ва мутахассисони соҳаи наркология баргузор карда шуданд.
- Зимнан, инҷо рӯшанӣ меафкандед, ки дар самти тарбияи экологӣ ва меҳнатӣ то ҳол чӣ тадбирҳо амалӣ гардиданд?
- Меҳнат яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсият мебошад. Донишҷӯёни мо дар аксияҳои «Тозагии соҳил», маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Зарафшон ва инчунин, аксияи умумишаҳрии «Саҳми ман - дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд.
Инсон вақте худ ниҳол мешинонад, нисбат ба табиат муносибати бомасъулиятона зоҳир мекунад ва ҳаргиз ба он зарар намерасонад. Ҳамзамон, бо баргузории ҳамоишҳои илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ҷавонон бо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти ҳифзи муҳити зист ва масоили экологӣ бештар ошно гардиданд.
- Ва дар фарҷоми суҳбат мегуфтед, ки кадом омилҳо метавонанд муҳаррики пешрафти корҳои тарбиявӣ бошанд?
- Ба назари ман, омили асосии муваффақият дар ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои донишгоҳ ва ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ нуҳуфта мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як чорабинӣ чанд ҳадафи муҳими тарбиявиро дар бар гирад, ва муҳимтар аз ҳама, аз шаклгароӣ ба амалияи воқеӣ гузарем. Муҳити солими илмиву маънавӣ ва ғоявие, ки имрӯз дар донишгоҳ ташаккул ёфтааст, метавонад барои дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамчун таҷрибаи арзишманд хизмат намояд.
Тоҷ
Рус
Eng