Ҷавонон неруи бузург ва ояндаи ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд. Пешрафту тараққиёти давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ҳамин сабаб, ҷавононро фахри миллат меноманд, зеро онҳо метавонанд номи Ватанро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун, илм, фарҳанг, варзиш ва технология ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Онҳо бо донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстии худ барои ободии кишвар саҳм мегузоранд. Ҳар як ҷавон бояд ҳис кунад, ки ӯ намояндаи миллат аст ва рафтору кирдораш обрӯи давлатро нишон медиҳад.

Ҷавонон бояд ҳамеша барои омӯзиши илм ва касбу ҳунар кӯшиш намоянд. Зеро ҷомеаи муосир ба мутахассисони соҳибдониш ниёз дорад. Агар ҷавонон босавод ва масъулиятшинос бошанд, миллат низ пешрафта ва неруманд мегардад.

Ҳамзамон, ҷавонон бояд фарҳанги миллӣ, забон ва анъанаҳои ниёгонро эҳтиром намоянд. Миллате, ки ҷавононаш фарҳанги худро дӯст медоранд, ҳувияти миллии худро нигоҳ медорад. Ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан аз хислатҳои беҳтарини ҷавонон мебошанд.

Хулоса, ҷавонон фахри миллатанд, зеро онҳо созандагони ояндаи давлат мебошанд. Ҳар як ҷавон бояд бо дониш, ахлоқи ҳамида ва меҳнати ҳалол барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.

Маҳлиё ХОЛНАЗАРОВА,

донишҷӯйи курси 4 факултети молия ва қарзи ДДМИТ