Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа номида, пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҷавонон вобаста мебошад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» заминаи муҳими ҳуқуқии дастгирии ҷавононро фароҳам овард. Ҳамчунин, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои рушди неруи ҷавон ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа равона шудааст.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар самти дастгирии ҷавондухтарон таъсиси квотаҳои Президентӣ мебошад. Ин ташаббус аз соли 1997 роҳандозӣ гардида, барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва деҳот имконияти гирифтани таҳсилоти олиро фароҳам овард. Маҳз тавассути квотаҳои Президентӣ ҳазорҳо ҷавондухтар соҳиби маълумоти олӣ гардида, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият доранд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонони болаёқат соли 1998 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз 1-уми январи соли 2021 шумораи гирандагони ин стипендия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд карда шуд. Ҳамчунин, шумораи гирандагони стипендия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантон аз 15 нафар то 50 нафар расонида гардид. Ин тадбир нишон медиҳад, ки давлат ба рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонони болаёқат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки ба ҷавонон имкон медиҳад дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар таҳсил намоянд.

Ҳукумати мамлакат барои рушди қобилияти илмӣ ва эҷодии ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ»-ро роҳандозӣ намудааст. Ин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат мекунанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи занони олима ва муҳаққиқ низ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Бо дастгирии давлат ҷавондухтарон ба корҳои илмию тадқиқотӣ бештар ҷалб гардида, дар соҳаҳои илм, техника ва технология фаъолият доранд. Барои дастгирии олимони ҷавон соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника таъсис дода шуд.

Бо мақсади рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040»-ро эълон намуданд. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳамияти калон дорад.

Имрӯз ҷавонони тоҷик, бахусус ҷавондухтарон дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок намуда, ҳамчун омӯзгор, табиб, муҳандис, олим, соҳибкор ва хизматчии давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Иштироки фаъоли онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, форумҳо ва ташаббусҳои созанда нишон медиҳад, ки насли ҷавон ба ояндаи давлату миллат бетараф нест.

Ҳамзамон, ҷаҳони муосир аз ҷавонон ҳушёрӣ, дониш ва ҷаҳонбинии васеъ талаб менамояд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дар баробари аз худ кардани илмҳои муосир, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиро низ дар худ тақвият бахшанд. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, ҷавонон бояд бо Ватан, забон, фарҳанг ва давлатдории миллӣ ифтихор дошта бошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша омода бошанд.

Хулоса, сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Дастгирии пайвастаи давлат боис гардидааст, ки ҷавонон имрӯз ҳамчун неруи созандаву пешбарандаи ҷомеа дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

 

Рухшона ДАВЛАТОВА,

муаллими калони кафедраи забони русӣ