Дар шароити муосири рушди ҷомеа, нақши ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ва омили асосии таҳкими давлатдории миллӣ торафт бештар аҳаммият касб менамояд. Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба ин қишри фаъоли ҷомеа мебошад.

Ҷавонон ҳамчун захираи стратегии миллат дар пешбурди сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар саҳми назаррас доранд. Имрӯз онҳо бо дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баланд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа нақши муассир мебозанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон равона гардидааст. Татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани имтиёзҳо дар соҳаи маориф, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва фароҳамсозии имкониятҳои нави фаъолият баёнгари он аст, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд.

Дар баробари дастгириҳои давлатӣ, аз ҷавонон тақозо мегардад, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ барои рушди устувори кишвар саҳми босазо гузоранд. Баланд бардоштани сатҳи маърифат, такмили донишу малака ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаи муҳими ҳар як ҷавон мебошад.

Рӯзи ҷавонон ҳамчун санаи муҳим имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа ба фаъолияти ҷавонон баҳои сазовор дода, онҳоро барои дастовардҳои нав ҳавасманд намояд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва ватандӯст кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошанд.

 

Исроил ШАРИПОВ,

донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-96010103 бехатарии иқтисодӣ