Ҷавонон неруи бузурги ҷомеа ба ҳисоб рафта, идомадиҳандаи роҳи давлатдории миллӣ мебошанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу созандаи ҷомеа дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мебозанд. Имрӯз ҷавонони кишвар бо ифтихор худро пайрави асили Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Пайравӣ аз Пешвои миллат танҳо дар сухан нест, балки дар амал ифода меёбад: дар риояи қонун, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, омӯзиши илму дониш, хизмати содиқона ба Ватан ва мубориза бо ҳар гуна ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ.

Мо ҷавонон имрӯз бояд масъулияти бузурги таърихии худро дарк намоем, зеро ояндаи давлат дар дасти мост. Бо илму маърифат, ахлоқи ҳамида, тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии муосир метавонем сиёсати созандаи Пешвои миллатро идома бахшида, Тоҷикистони азизро ба қуллаҳои нави рушд расонем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёри ҷаласаву маҷлисҳои худ қайд мекунад, ояндаи Тоҷикистон аз қадами устувори ҷавонони имрӯз оғоз меёбад. Пас, рушди давлат, суботи ҷомеа ва фардои дурахшони Тоҷикистон мустақиман ба дониш, масъулият ва фаъолияти созандаи ҷавонони имрӯз вобаста мебошад.

 

    Мустафо САТТОРЗОДА,

донишҷӯи курси 4-уми факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод